Ҳакимов: Навсозии парлумон ба иродаи сиёсии президент вобаста аст

– Интихоби вакилони нав ба парлумони Тоҷикистон ва навсозии симои парлумони кишвар пеш аз ҳама ба иродаи сиёсии президенти мамлакат, раиси ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон вобаста аст, – иброз дошт ба «Азия-Плюс» муовини раиси ҲСДТ, доктори улуми ҳуқуқшиносӣ Шокирҷон Ҳакимов. Сиёсатмадор мутмаин аст, ки барои ба парлумон ворид шудани вакилони нав бо ақидаву андешаҳои тоза қабл […]

Аваз Юлдошев



– Интихоби вакилони нав ба парлумони Тоҷикистон ва навсозии симои парлумони кишвар пеш аз ҳама ба иродаи сиёсии президенти мамлакат, раиси ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон вобаста аст, – иброз дошт ба «Азия-Плюс» муовини раиси ҲСДТ, доктори улуми ҳуқуқшиносӣ Шокирҷон Ҳакимов.

Сиёсатмадор мутмаин аст, ки барои ба парлумон ворид шудани вакилони нав бо ақидаву андешаҳои тоза қабл аз ҳама аз таҳти назорати ҳукумат ва президент берун овардани комиссияҳои интихоботӣ ва тасҳеҳи қонунгузории интихоботии кишвар дар қисмати роҳ додани намояндагони аҳзоби сиёсӣ ба узвият дар қитъаҳои интихоботӣ зарур аст.

«Шарти асосии навсозии парлумони касбии Тоҷикистон ба ваъдаҳои доимӣ вафо кардани ҳукуматдорон дар бораи баргузор кардани интихоботи шаффофу демократӣ мебошад», – қайд кард сиёсатмадор.

Ба қавли номбурда, дар сурати ба иҷро расидани меъёрҳои дар боло зикршуда, дар парлумони ояндаи кишвар, ки интихобот ба он ахири моҳи феврали соли 2015 баргузор мегардад, беш аз 40%-и намояндагони мардумӣ аз ҳайати кунунии палатаи поёнии парлумон нав карда мешаванд. «Дар баробари ин, сифати қонунҳое, ки қабул карда мешаванд, хеле беҳтар мешавад», – афзуд Ш.Ҳакимов.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.