Ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати миллии энергетикии «Барқи тоҷик» ба дастрасии имконоти пурзӯри идоракунӣ дар бахши энергетика ва дар маҷмӯъ иқтисод ниёз доранд. Дар ин бора дар гузориши чанде қабл нашршудаи Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) таҳти унвони «Масоили калидии мавриди баррасии минбаъда дар бораи тарҳи пешниҳодии НОБ-и Роғун» маълумот дода мешавад.
Зикр мегардад, ки таҷрибаи байнулмилалӣ муҳим будани шаффофият ва устувории молӣ барои бахши энергетика ҷиҳати амалисозии лоиҳаҳои бузургмиқёсе чун нерӯгоҳи оби барқии Роғунро таҷассум месозад.
«Айни замон бахши энергетикаи Тоҷикистон ба сатҳи имконоти ниҳодӣ ва қобилияти молии ҳаётпазирӣ ҷавобгӯ нест», – чунин мешуморанд таҳлилгарони бонк.
Дар гузориш таъкид мегардад, ки ширкати «Барқи тоҷик» ба иллати тарифҳои доимо зиёновар, пардохтҳои ба таъхир гузошташуда ва талафоти зиёди фаннӣ, камбуди бузурги хазинаи давлатӣ (150 млн. $ ё худ 2% аз ММД дар соли 2013)-ро ба вуҷуд меорад ва аз ин рӯ, айни замон харидори боэътимоди барқ аз ҳама гуна лоиҳаи бузурги нерӯгоҳҳои оби барқӣ буда наметавонад.
Гуфта мешавад, соли 2013 ҳаҷми ҷамъоварии маблағ тибқи ҳисобҳои пешниҳодшудаи «Барқи тоҷик» ҳудуди 60% (76% бо шумули маблағҳои бидуни нақдӣ ҷамъоваришуда)-ро ташкил додааст ва ин ҳам дар ҳолест, ки барои корхонаи муваффақи дар ин самт фаъолиятдошта ин нишондиҳанда ба 95% баробар аст. «Айни замон талафоти фаннӣ ҳудуди 18% аз нерӯи барқи тавлидшударо ташкил медиҳад», – қайд мешавад дар гузориш.
Коршиносон ҳамчунин зикр мекунанд, ки сарфи назар аз ноил гардидан ба баъзе пешравиҳо дар масоили ҳисоботи молӣ, «Барқи тоҷик» айни замон барои ба даст овардани эътимод миёни мизоҷони худ ва шарикони имконпазири тиҷоратӣ аз имконоти зарурӣ бархӯрдор нест.


