БҶ: Барои бахши энергетика шаффофият ва устувории молӣ муҳим аст

Ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати миллии энергетикии «Барқи тоҷик» ба дастрасии имконоти пурзӯри идоракунӣ дар бахши энергетика ва дар маҷмӯъ иқтисод ниёз доранд. Дар ин бора дар гузориши чанде қабл нашршудаи Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) таҳти унвони «Масоили калидии мавриди баррасии минбаъда дар бораи тарҳи пешниҳодии НОБ-и Роғун» маълумот дода мешавад. Зикр мегардад, ки таҷрибаи байнулмилалӣ муҳим […]



Ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати миллии энергетикии «Барқи тоҷик» ба дастрасии имконоти пурзӯри идоракунӣ дар бахши энергетика ва дар маҷмӯъ иқтисод ниёз доранд. Дар ин бора дар гузориши чанде қабл нашршудаи Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) таҳти унвони «Масоили калидии мавриди баррасии минбаъда дар бораи тарҳи пешниҳодии НОБ-и Роғун» маълумот дода мешавад.

Зикр мегардад, ки таҷрибаи байнулмилалӣ муҳим будани шаффофият ва устувории молӣ барои бахши энергетика ҷиҳати амалисозии лоиҳаҳои бузургмиқёсе чун нерӯгоҳи оби барқии Роғунро таҷассум месозад.

«Айни замон бахши энергетикаи Тоҷикистон ба сатҳи имконоти ниҳодӣ ва қобилияти молии ҳаётпазирӣ ҷавобгӯ нест», – чунин мешуморанд таҳлилгарони бонк.

Дар гузориш таъкид мегардад, ки ширкати «Барқи тоҷик» ба иллати тарифҳои доимо зиёновар, пардохтҳои ба таъхир гузошташуда ва талафоти зиёди фаннӣ, камбуди бузурги хазинаи давлатӣ (150 млн. $ ё худ 2% аз ММД дар соли 2013)-ро ба вуҷуд меорад ва аз ин рӯ, айни замон харидори боэътимоди барқ аз ҳама гуна лоиҳаи бузурги нерӯгоҳҳои оби барқӣ буда наметавонад.

Гуфта мешавад, соли 2013 ҳаҷми ҷамъоварии маблағ тибқи ҳисобҳои пешниҳодшудаи «Барқи тоҷик» ҳудуди 60% (76% бо шумули маблағҳои бидуни нақдӣ ҷамъоваришуда)-ро ташкил додааст ва ин ҳам дар ҳолест, ки барои корхонаи муваффақи дар ин самт фаъолиятдошта ин нишондиҳанда ба 95% баробар аст. «Айни замон талафоти фаннӣ ҳудуди 18% аз нерӯи барқи тавлидшударо ташкил медиҳад», – қайд мешавад дар гузориш.

Коршиносон ҳамчунин зикр мекунанд, ки сарфи назар аз ноил гардидан ба баъзе пешравиҳо дар масоили ҳисоботи молӣ, «Барқи тоҷик» айни замон барои ба даст овардани эътимод миёни мизоҷони худ ва шарикони имконпазири тиҷоратӣ аз имконоти зарурӣ бархӯрдор нест.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.