Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ Худойбердӣ Холиқназар изҳор намуд, ки амрикоиҳо Созмони ҳамкории Шанхайро нодида мегирифтанд, вале замоне, ки нуфузи ин созмон боло рафт, хостори ба даст овардани мақоми кишвари нозир дар созмон шуданд.
«Қаблан амрикоиҳо умуман СҲШ-ро нодида мегирифтанд, лекин аз соли 2005 обрӯву нуфуз ва нақши назарраси созмон дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва берун аз ҳудуди он боло рафт ва аксари кишварҳои нозир хостори узвият ба созмон шуданд, ки табиист, нақши СҲШ боз хеле афзуд. Ҳамин тариқ ИМА аллакай аз соли 2007 бо котиботи СҲШ бештар ба гуфтушунид пардохтанд. Бисёре аз ҳайтатҳои ИМА ба Пекин омада, масъалаҳои ҳамкорӣ дар Афғонистонро баррасӣ карданӣ буданд. Боре аввали соли 2007 яке аз намояндагони ИМА ҳатто изҳор намуд, ки Амрико кишвари нозири СҲШ шуданист. Ҳатто ҳамин тавр ҳам буд», – гуфт стратеги аслии кишвар имрӯз зимни кори мизи гирд дар Душанбе таҳти унвони «Ҷойгоҳи Тоҷикистон дар раванди ташаккул ва рушди СҲШ».
Дар ҳамин ҳол, ӯ қайд кард, ки «расман дар ин бора дар ҳеҷ куҷое маълумот дода нашудааст». «Лекин дар ҳама гуна ҳолат, ин далел гувоҳи он аст, ки нуфузи СҲШ дар минтақа ба он ҳадде боло рафтааст, ки ҳатто ИМА хостори кишвари нозир дар он шуданро кард», – иброз дошт номбурда.
Директори МТС таъкид дошт, ки айни замон ИМА ҷиҳати ҷалби кишварҳои узви СҲШ ба раванди танзими масъалаҳои тьаъмини амният дар Афғонистон фаъолона гуфтушунид доранд. «Ин гувоҳи он аст, ки ба ҳар ҳол, СҲШ рӯз то рӯз дар сиёсати байнулмилаливу ҷаҳонӣ нерӯ гирифта, ҳамин тариқ, созмони пуриқтидоре мегардад, ки тадриҷан тақдири ҷаҳонро ҳал хоҳад кард», – афзуд коршиноси тоҷик.
Ёдрас мекунем, ки Созмони ҳамкории Шанхай соли 2001 таъсис ёфта, айни замон ба ҳайати он Чин, Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон шомиланд. Ба ҷуз Ӯзбекистон, кишварҳои дигар узви «Панҷгонаи Шанхай» мебошанд, ки дар асоси баимзорасии созишнома миёни панҷ кишвар солҳои 1996-1997дар бораи таҳкими эътимод дар бахши низомӣ ва коҳиши мутақобилаи Қувваҳои Мусаллаҳ дар минтақаи марзӣ таъсис дода шуда буд. Эрон, Муғулистон, Афғонистон, Ҳиндустон ва Покистон мақоми кишвари нозир ва Беларусу Шри-Лака ва Туркия шарикон оид ба муколамаи СҲШ мебошанд.


