Президент ба фаъолияти маҷмааи савдои бузурги «Пойтахт-90» ҳусни оғоз мебахшад

Date:



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар маросими ба истифода додани маҷмааи бузурги муосири савдои «Пойтахт-90» дар шаҳри Душанбе ширкат меварзад.

Котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки сохтмони бинои сеошёнаи маркази савдо дар кӯчаи Сурхоб (наздикии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ) моҳи ноябри соли 2012 оғоз гардид.

«Фармоишгари иншоот Раёсати сохтмони асосии ҳукумати шаҳри Душанбе ва паймонкори асосӣ – ҶДММ «Строй комплекс» мебошад. Бино ба маълумоти ҳукумати пойтахт, маблағи умумии ҷудошуда аз буҷети шаҳри Душанбе барои сохтмони ин иншоот 202,6 млн. сомониро ташкил медиҳад», – гуфт вай.

Ба қавли Саидов, дар сохтмони иншоот беш аз 550 нафар машғули кор буданд, ки аксарашон бинокорон аз пойтахту навоҳии гирду атрофи он ва сокинони водии Рашту Бадахшон ва вилояти Хатлон буда, ҳамчунин дар баробари онҳо дар сохтмони иншоот 40 нафар мутахассисон аз Туркия низ фаъолият доштанд.

Зимнан зикр гардид, ки барои ба сатҳи байнулмилалӣ ҷавобгӯ будани иншоот аз Туркия низоми ҳавософкуниву масолеҳи сохтмон, мебелу шишгаҳои бузургҳаҷм, аз Чин қандилҳои қариб думетраву навъҳои гуногуни сангҳои ороишӣ, аз Русия сохтори металлӣ барои боми иншоот ва дигар масолеҳу сохтмону лавозимот аз дигар кишварҳои хориҷӣ низ харидорӣ шуда, аз корхонаҳои дохили кишвар низ чанде аз масолеҳи сохтмон истифода шудаанд.

«Ғайр аз ин, бинои иншоот бо ҳунари наққошӣ ва ороишоти миллии ҳунармандони тоҷик зебу оро дода шудааст. Боми иншоот бо шакли гумбази секунҷа пурра из шишаи тафсондашуда иборат хоҳад буд, ки аз Туркия оварда шудааст», – гуфт ҳамсуҳбат.

Қобили зикр аст, ки бино аз се ошёна иборат буда, дар онҳо мағозаҳои таъиноти гуногун, тарабхонаву қахвахонаҳо, нуқтаи мубодилаи асъор ва дигар иншооти зарурӣ фаъолият хоҳанд кард. «Баъди мавриди истифода қарор гирифтани иншооти мазкур 900 нафар бо ҷойи корӣ дар он таъмин мешаванд», – афзуд Саидов.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...