Ҳамсари Зайд Саидов баргардонидани ҳисса дар «Пойтахт»-ро талаб дорад

Дар суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт баррасии парванда оид ба боз як иншоот, ки ба соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов тааллуқ дорад, оғоз гардид. Исҳоқ Табаров, адвокати Зайд Саидов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки мурофиа санаи 1-уми сентябр дар асоси аризаи ҳамсари зерҳимояаш – Латофат Тоҳирова оғоз гардида, ӯ талаб дорад, ки ҳисса […]

Ҳумайро Бахтиёр



Дар суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт баррасии парванда оид ба боз як иншоот, ки ба соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов тааллуқ дорад, оғоз гардид.

Исҳоқ Табаров, адвокати Зайд Саидов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки мурофиа санаи 1-уми сентябр дар асоси аризаи ҳамсари зерҳимояаш – Латофат Тоҳирова оғоз гардида, ӯ талаб дорад, ки ҳисса дар маркази савдои «Пойтахт», ки қарори мусодирааш ҳанӯз 25-уми декабри соли гузашта дар рӯзи эълони ҳукм ба Зайд Саидов содир шуда буд, дубора ба оилаи ӯ баргардонида шавад.

«Имрӯз суд қарор кард, ки баррасии парвандаи мазкур то ҷашни Иди Қурбон ба таъхир гузошта мешавад, – гуфт Табаров.

Ба қавли адвокат, тибқи маълумоти З.Саидов, «Пойтахт» ҳамроҳ бо шарикон бунёд гардида, ба ӯ 49%-и саҳмияҳои он мутааллиқ аст ва бастаи асосиро ширкати «Росазияинвест» соҳиб мебошад.

Ёдрас мекунем, ки 25-уми декабри соли 2013 Суди олии Тоҷикистон соҳибкори муваффақ, собиқ вазири саноат Зайд Саидовро ба 26 соли зиндон бо мусодираи амволи «зимни содир намудани ҷиноят бадастоварда» маҳкум намуд.

То имрӯз мувофиқи қарорҳои Суди олии иқтисодии Тоҷикистон 8 корхонаи Зайд Саидов, аз ҷумла корхонаи дӯзандагии «Гулистон», ширкати «Лаъл», корхонаи муштараки «ТоҷикАзот» ва ғайра мусодира шудаанд, ки замоне шахсан ба ӯ ва наздиконаш мутааллиқ буданд. Ҳамаи ин корхонаҳо ба тавозуни давлат гузаронида шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

То +45°C ва баъзан борон меборад: ҳавои моҳи июн дар Тоҷикистон

Дар аксари минтақаҳои Тоҷикистон моҳи июн гарму хушк омада, аммо дар баъзе рӯзҳо борону раъду барқ дар назар аст.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".