Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Date:



Анонс

– Соати 11:00 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон брифинг барои намояндагони воситаҳои ахбори омма оид ба Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (11-12 сентябри соли 2014), сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ (9-11 сентябри соли 2014) ва сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин (11-14 сентябри соли 2014) доир мегардад. Ба брифинг намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дохилӣ ва хориҷӣ даъват карда мешаванд. Зимни брифинг инчунин маводҳо роҷеъ ба Ҷаласа ва сафарҳои мазкур ва бейджҳо дастрас карда мешаванд.



Қ


урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

4.9704

сомонӣ;


1

евро –

6.4165

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1348

сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих

Рӯзи байнулмилалии саводнокӣ.

Рӯзи байнулмилалии ҳамраъйии рӯзноманигорон.


2001

– Дар Душанбе бар асари амали террористӣ вазири фарҳанги ҶТ Абдураҳим Раҳимов ба ҳалокат расид.


2006

— Дар ноҳияи Ванҷи ВМКБ нерӯгоҳи оби барқии «Пшихарв» ба истифода дода шуд.


1912-1984

– Зодрӯзи Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Николай Лепник-Мировский.


1944

– Мавлуди муаррих Ғолиб Ғолибов.


1959

– Зодрӯзи оҳангсоз ва сарояндаи эстрада Далер Назаров.


1959

– Мавлуди журналист Абдулҷон Ҳасанов.



Вазъи обуҳаво


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +33+38, дар доманакӯҳҳо шабона +12+17, рӯзона +28+33.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, 7/09 дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +14+19, рӯзона +31+36, дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +23+28.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, 7/09 дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +31+36, дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +26+31.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +10+15, рӯзона +28+33;  дар шарқи вилоят шабона -3+2, рӯзона +11+16.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +33+35.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +33+35.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +31+33.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.   

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +28+30.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...