Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс – Соати 11:00 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон брифинг барои намояндагони воситаҳои ахбори омма оид ба Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (11-12 сентябри соли 2014), сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ (9-11 сентябри соли 2014) ва сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин (11-14 сентябри соли 2014) […]



Анонс

– Соати 11:00 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон брифинг барои намояндагони воситаҳои ахбори омма оид ба Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (11-12 сентябри соли 2014), сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ (9-11 сентябри соли 2014) ва сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин (11-14 сентябри соли 2014) доир мегардад. Ба брифинг намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дохилӣ ва хориҷӣ даъват карда мешаванд. Зимни брифинг инчунин маводҳо роҷеъ ба Ҷаласа ва сафарҳои мазкур ва бейджҳо дастрас карда мешаванд.



Қ


урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

4.9704

сомонӣ;


1

евро –

6.4165

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1348

сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих

Рӯзи байнулмилалии саводнокӣ.

Рӯзи байнулмилалии ҳамраъйии рӯзноманигорон.


2001

– Дар Душанбе бар асари амали террористӣ вазири фарҳанги ҶТ Абдураҳим Раҳимов ба ҳалокат расид.


2006

— Дар ноҳияи Ванҷи ВМКБ нерӯгоҳи оби барқии «Пшихарв» ба истифода дода шуд.


1912-1984

– Зодрӯзи Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Николай Лепник-Мировский.


1944

– Мавлуди муаррих Ғолиб Ғолибов.


1959

– Зодрӯзи оҳангсоз ва сарояндаи эстрада Далер Назаров.


1959

– Мавлуди журналист Абдулҷон Ҳасанов.



Вазъи обуҳаво


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +33+38, дар доманакӯҳҳо шабона +12+17, рӯзона +28+33.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, 7/09 дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +14+19, рӯзона +31+36, дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +23+28.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, 7/09 дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +31+36, дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +26+31.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +10+15, рӯзона +28+33;  дар шарқи вилоят шабона -3+2, рӯзона +11+16.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +33+35.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +33+35.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +31+33.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.   

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +28+30.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.