Ширкати Group DF, мутааллиқ ба тоҷири украинӣ Дмитрий Фирташ бо қарори ҳайати мушовараи кассатсионии Суди олии иқтисодии Тоҷикистон, ки қарори қаблан қабулшудаи Суди иқтисодии вилояти Хатлонро дар бораи амалан милликунонии ҶСП КМ «ТоҷикАзот» бетағйир боқӣ гузошт, розӣ нест.
Адвокатҳои ширкати Group DF ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуданд, ки ҳамчун сармоягузор ширкат ба таври бояду шояд тамои уҳдадориҳои шартномаро ба иҷро расонид ва бар ин назар аст, ки ҳуқуқҳои сармоягузор поймол шуданд.
«Тибқи қонунгузории Тоҷикистон, мо минбаъд низ ба таври назоратӣ аз болои қарори Суди олии иқтисодии Тоҷикистон шикоят хоҳем бурд ва дар сурати зарурат ҷиҳати кумаки ҳуқуқи ба судҳои байнулмилалӣ низ муроҷат хоҳем кард», – қайд карданд намояндагони ширкати Фирташ.
Ёдрас мекунем, ки санаи 4-уми сентябри соли равон Коллегияи кассатсионии Суди олии иқтисодии Тоҷикистон шикояти кассатсионии ҶСП КМ «ТоҷикАзот» ва саҳҳоми Ostark Ventures Limited-и Кипри онро баррасӣ намуда, қарори Суди иқтисодии вилояти Хатлон аз моҳи июни соли равон дар бораи ғайриқонунӣ ба тоҷири украинӣ Дмитрий Фирташ фурӯхта шудани саҳмияҳои корхона ва мутаносибан ғайриқонунӣ эътироф шудани муомилот дар ин хусусро
бетағйир боқӣ гузошт.
ҶСП КМ «ТоҷикАзот» мувофиқи қарори ҳукумати Тоҷикистон (№560, аз 18-уми декабри соли 2001) таъсис дода шуда буд. Он замон ширкати дигари шомил ба сохтори ширкати Group DF (ширкати Дмитрий Фирташ) «Хайрок Холдинг Лимитед»-и Ҷумҳурии Кипр сармоягузор буд.
Агентии зиддифасоди Тоҷикистон қаблан нисбати молики саҳмияҳои назоратии КМ «ТоҷикАзот», соҳибкори украинӣ Дмитирий Фирташ оид ба харидории ғайриқонунии саҳмияҳо, истифодаи ғайримақсадноки воситаҳо ва иштирок дар муомилоти ғайриқонунии фурӯши таҷҳизот
даъво пеш овард.
Агентӣ бар ин назар аст, ки муомилоти харидории 75%-и саҳмияҳо ғайриқонунӣ буда, аз ин рӯ, ин саҳмияҳо бояд ба давлат баргардонида шаванд.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз Агентии зиддифасод хабар дода буданд, шартномаи соли 2002 баимзорасида дар бораи таъсиси корхонаи муштараки «ТоҷикАзот»-и Тоҷикистону Кипр миёни ширкати Фирташ «Хайрок Холдингс Лимитед» ва ҳукумати Тоҷикистон ғайриқонунӣ мебошад. «Ин шартнома соли 2002, замони вазири саноати Тоҷикистон будани Зайд Саидови соли гузашта ба 26 соли зиндон маҳкумшуда ба имзо расидааст», – гуфт манбаъ.
Ғайр аз ин, раҳбарияти «ТоҷикАзот» дар истифодаи ғайриқонунии воситаҳо, фурӯши таҷҳизоти корхона гумонбар дониста мешавад. «Дар сурати аз ҷониби мақомоти судӣ ғайриқонунӣ эътироф шудани шартномаи таъсис ва хусусигардонии корхонаи муштараки «ТоҷикАзот», корхона пурра таҳти назорати давлат қарор мегирад», – афзуд сарчашмаи хабар.
Корхонаи муштараки «ТоҷикАзот» моҳи декабри соли 2002 дар заминаи ҶСК «Азот» таъсис дода шуда, нуриҳои азотӣ истеҳсол мекунад. Айни замон бинобар сабаби қатъ шудани интиқоли гази табиӣ корхона фаъолият надорад.



