Ҷамъоварии беш аз 710 ҳазор тонна зироати ғалладона

То аввали ҳамин ҳафта ғаллакорони Тоҷикистон беш аз 711 ҳазор тонна  ҳосили зироати ғалладона ҷамъоварӣ намуданд. Тавре ба «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҶТ хабар доданд, имсол дар кишвар ба сурати умум тақрибан дар майдони 292 ҳазор гектар зироати ғалладона кишт шудааст. Ба иттилои манбаъ, то аввали ҳафтаи равон ҳосили зироати ғалладона аз майдони қариб 265 […]



То аввали ҳамин ҳафта ғаллакорони Тоҷикистон беш аз 711 ҳазор тонна  ҳосили зироати ғалладона ҷамъоварӣ намуданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҶТ хабар доданд, имсол дар кишвар ба сурати умум тақрибан дар майдони 292 ҳазор гектар зироати ғалладона кишт шудааст.

Ба иттилои манбаъ, то аввали ҳафтаи равон ҳосили зироати ғалладона аз майдони қариб 265 ҳазор гектар ҷамъоварӣ гардидааст, ки ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 27,3 сентнерро ташкил медиҳад. «Айни замон ба ҷамъоварии ҳосили зироати ғалладона 4 адад мобайн сафарбар шуда, ҷамъоварии ҳосил дар саросари кишвар идома дорад», – гуфтанд дар вазорат.

Тибқи дурнамо, имсол дар Тоҷикистон 1 млн. 300 ҳазор тонна ҳосили зироати ғалладона, аз ҷумла 890 ҳазор тонна ҳосили гандум ба даст оварданианд. Аз рӯи натиҷаҳои соли гузашта 1,1 млн. тонна зироати ғалладона ҷамъоварӣ шуд, ки беш аз 900 ҳазор тоннаашро гандум ташкил дод. 

Қобили зикр аст, ки соли 2012 кишоварзони тоҷик дар ҳаҷми 1млн. 200 ҳазор тонна ҳосили зироати ғалладона ба даст оварданд. Соли 2012 дар ҷумҳурӣ 801,2 ҳазор тонна ҳосили гандум ҷамъоварӣ гардид, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2011 ба миқдори 74,3 ҳазор тонна камтар буд. Соли 2009 дар Тоҷикистон ҳосили баландтарини гандум ҷамъоварӣ шуд, ки 938,4 ҳазор тоннаро ташкил дод.

Талаботи солонаи Тоҷикистон ба гандум 1,5 млн. тоннаро ташкил дода, аз ин ҳаҷм ҳудуди 70% аз Қазоқистон ворид карда мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.