Ташрифи президенти Бошқирдистон ба Душанбе



Президенти Бошқирдистон Рустам Хамитов имрӯз ба Душанбе ташриф овард. Дар фурудгоҳи байнулмилалии пойтахт меҳмони олимақомро вазири саноат ва технологияҳои навини Тоҷикистон Шавкат Бобозода пешвоз гирифт.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, президенти Бошқирдистон дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки пагоҳ дар Душанбе ба кор оғоз мекунад, ширкат хоҳад варзид.

Ба иттилои манбаъ, нишасти СҲШ дар соли 2015 дар пойтахти Бошқирдистон – шаҳри Уфа баргузор мешавад. «Дар нишасти созмон дар Душанбе раёсат дар СҲШ аз Тоҷикистон ба Русия мегузарад», – таъкид дошт сарчашмаи хабар.

spot_imgspot_img

Популярное