Мулоқоти дипломати тоҷик бо сенатори ИМА



Рӯзи 10-уми сентябри соли ҷорӣ дар Конгресси ИМА мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим бо сенатор Бенҷамин Кардин (намояндаи иёлати Мэриленд) баргузор гардид.

Бино ба иттилои намояндагии дипломатии Душанбе дар Вашингтон, ҷонибҳо оид ба ҳамкориҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва ИМА мубодилаи афкор намуданд. Ф.Салим ба сенатор Б.Кардин оид ба баргузории нишасти сарони кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар Душанбе ва аҳамияти он маълумот дод.

Зимни сӯҳбат инчунин масъалаҳои амнияти минтақавӣ, лоиҳаҳои энергетикӣ ва коммуникатсионӣ, мубориза бар зидди гардиши маводи мухаддир ва терроризм мавриди баррасӣ сурат гирифт.

Сенатор Кардин дар навбати худ таъкид намуд, ки «Тоҷикистон дар мадди назари ИМА қарор дорад ва ҷониби амрикоӣ барои рушди ҳамкориҳо талош хоҳад кард». Сенатор инчунин зарурати ҳамкориҳоро дар бахши ҳуқуқи инсон дар доираи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) таъкид намуд.

spot_imgspot_img

Популярное