Мулоқоти дипломати тоҷик бо сенатори ИМА

Рӯзи 10-уми сентябри соли ҷорӣ дар Конгресси ИМА мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим бо сенатор Бенҷамин Кардин (намояндаи иёлати Мэриленд) баргузор гардид. Бино ба иттилои намояндагии дипломатии Душанбе дар Вашингтон, ҷонибҳо оид ба ҳамкориҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва ИМА мубодилаи афкор намуданд. Ф.Салим ба сенатор Б.Кардин оид ба баргузории нишасти сарони кишварҳои аъзои Созмони […]



Рӯзи 10-уми сентябри соли ҷорӣ дар Конгресси ИМА мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим бо сенатор Бенҷамин Кардин (намояндаи иёлати Мэриленд) баргузор гардид.

Бино ба иттилои намояндагии дипломатии Душанбе дар Вашингтон, ҷонибҳо оид ба ҳамкориҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва ИМА мубодилаи афкор намуданд. Ф.Салим ба сенатор Б.Кардин оид ба баргузории нишасти сарони кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар Душанбе ва аҳамияти он маълумот дод.

Зимни сӯҳбат инчунин масъалаҳои амнияти минтақавӣ, лоиҳаҳои энергетикӣ ва коммуникатсионӣ, мубориза бар зидди гардиши маводи мухаддир ва терроризм мавриди баррасӣ сурат гирифт.

Сенатор Кардин дар навбати худ таъкид намуд, ки «Тоҷикистон дар мадди назари ИМА қарор дорад ва ҷониби амрикоӣ барои рушди ҳамкориҳо талош хоҳад кард». Сенатор инчунин зарурати ҳамкориҳоро дар бахши ҳуқуқи инсон дар доираи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) таъкид намуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.