Э.Раҳмон таъсиси минтақаҳои рушди иқтисодӣ дар паҳнои СҲШ-ро пешниҳод намуд

Date:



Зимни сухаронӣ дар нишасти Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки ба кишварҳои узви СҲШ дар ниҳояти кор муяссар нашуд, ки дар ҳамкории иқтисодӣ ба пешравии назаррас ноил гарданд.

«Мусаллам аст, ки бо такя ба нишондиҳандаҳои қобили мулоҳизаи муомилоти моли хориҷӣ, мо бояд ба сӯи ҳамкориҳои муштарак дар бахши истеҳсолот ва илму техника роҳ пеш гирифта, манфиатҳои умумии иқтисодиамонро муайян созем», – гуфт ӯ.

Ба андешаи ӯ, ин раванд тадриҷан ва бо суръати мунтазам дар ҳамкориҳои муштараки кишварҳои узви СҲШ ҷараён мегирад.

«Ташаббуси раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин дар робита ба ташкили минтақаи иқтисодӣ дар саросари Роҳи абрешим қобили дастгирии ҳамаҷониба буда, дар ин самт масъалаи рушди шабаакаи нақлиётиву коммуникатсионии СҲШ, таъмини ҳамлу нақли озодонаи молу маҳсулот дар тамоми паҳнои созмон аҳамияти хосса касб мекунад. Пеш аз ҳама таваҷҷуҳатонро ба роҳандозии ҳамкориҳои муштараки истеҳсолӣ ва ҳамкориҳо дар бахши истеҳсолоти саноатӣ ҷалб карданиам», – зикр  кард Э.Раҳмон.

Сарвари давлати Тоҷикистон мувофиқи мақсад будани баррасии масъалаи таъсиси минтақаҳои рушди иқтисодӣ дар паҳнои СҲШ-ро пешниҳод намуд, ки метавонанд аз паркҳои саноативу технологӣ, шабакаҳои нақлиётӣ ва марказҳои илмиву таълимӣ иборат бошанд. «Бо истифода аз афзалиятҳои робитаҳои марзӣ ва иқтисодӣ дар ин минтақаҳо метавон истеҳсолоти муштараки саноатӣ, сохтмони иншооти зербиноӣ, омодасозии кадрҳо ва таҳқиқоти илмиро ба роҳ монд», – муътақид аст президенти Тоҷикистон.

Эмомалӣ Раҳмон бовар дорад, ки замони зарурати фароҳам овардани шароит барои ҷалби бештар фаъоли сармоягузориҳо ба бахшҳои ояндадори истеҳсолоти минтақа ба мисли энергетика, саноати истихроҷи кӯҳиву сабук ва хӯрокворӣ фаро расидааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...