Э.Раҳмон таъсиси минтақаҳои рушди иқтисодӣ дар паҳнои СҲШ-ро пешниҳод намуд

Зимни сухаронӣ дар нишасти Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки ба кишварҳои узви СҲШ дар ниҳояти кор муяссар нашуд, ки дар ҳамкории иқтисодӣ ба пешравии назаррас ноил гарданд. «Мусаллам аст, ки бо такя ба нишондиҳандаҳои қобили мулоҳизаи муомилоти моли хориҷӣ, мо бояд ба сӯи ҳамкориҳои муштарак дар бахши истеҳсолот […]

ASIA-Plus



Зимни сухаронӣ дар нишасти Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки ба кишварҳои узви СҲШ дар ниҳояти кор муяссар нашуд, ки дар ҳамкории иқтисодӣ ба пешравии назаррас ноил гарданд.

«Мусаллам аст, ки бо такя ба нишондиҳандаҳои қобили мулоҳизаи муомилоти моли хориҷӣ, мо бояд ба сӯи ҳамкориҳои муштарак дар бахши истеҳсолот ва илму техника роҳ пеш гирифта, манфиатҳои умумии иқтисодиамонро муайян созем», – гуфт ӯ.

Ба андешаи ӯ, ин раванд тадриҷан ва бо суръати мунтазам дар ҳамкориҳои муштараки кишварҳои узви СҲШ ҷараён мегирад.

«Ташаббуси раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин дар робита ба ташкили минтақаи иқтисодӣ дар саросари Роҳи абрешим қобили дастгирии ҳамаҷониба буда, дар ин самт масъалаи рушди шабаакаи нақлиётиву коммуникатсионии СҲШ, таъмини ҳамлу нақли озодонаи молу маҳсулот дар тамоми паҳнои созмон аҳамияти хосса касб мекунад. Пеш аз ҳама таваҷҷуҳатонро ба роҳандозии ҳамкориҳои муштараки истеҳсолӣ ва ҳамкориҳо дар бахши истеҳсолоти саноатӣ ҷалб карданиам», – зикр  кард Э.Раҳмон.

Сарвари давлати Тоҷикистон мувофиқи мақсад будани баррасии масъалаи таъсиси минтақаҳои рушди иқтисодӣ дар паҳнои СҲШ-ро пешниҳод намуд, ки метавонанд аз паркҳои саноативу технологӣ, шабакаҳои нақлиётӣ ва марказҳои илмиву таълимӣ иборат бошанд. «Бо истифода аз афзалиятҳои робитаҳои марзӣ ва иқтисодӣ дар ин минтақаҳо метавон истеҳсолоти муштараки саноатӣ, сохтмони иншооти зербиноӣ, омодасозии кадрҳо ва таҳқиқоти илмиро ба роҳ монд», – муътақид аст президенти Тоҷикистон.

Эмомалӣ Раҳмон бовар дорад, ки замони зарурати фароҳам овардани шароит барои ҷалби бештар фаъоли сармоягузориҳо ба бахшҳои ояндадори истеҳсолоти минтақа ба мисли энергетика, саноати истихроҷи кӯҳиву сабук ва хӯрокворӣ фаро расидааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.