Манижа Давлатова: Ман ҳеҷ чизе ваъда накардаам!

Date:



Дар чанде аз ВАО маълумоте интишор шуд, ки мутобиқи он овозхони маъруф Манижа Давлатова омодагӣ изҳор намудааст, ки баъди се моҳ ба саҳна бармегардад.

Хабарнигори «Азия-Плюс» бо сароянда дар тамос шуда, дархост намуд, ки ба ин изҳорот каме рӯшанӣ андозад. Дар суҳбати телефонӣ Манижа Давлатова дар ин робита гуфт:

– Ман аз журналистон дархост мекунам, ки минбаъд зимни таҳияи мавод боинсофу бовиҷдон бошанд. Чанд рӯз қабл аз нашри ин маълумот дар

сомонаи Pressa.tj

, хабарнигори ин агентӣ ба ман занг зада, дархост намуд, ки ба саволи кай ба саҳна баргаштанам посух бидиҳам. Ман посух додам, ки инро танҳо Худо медонад. Намедонам кай бошад, шояд дигар ҳеҷ гоҳ. Ман хоҳиш кардам, ки дигар маро ташвиш надиҳанд, зеро ман умуман ба матбуот чизи гуфтание надорам. Ман оромонаву хоксорона, бидуни ҳунару эҷод ва саҳна зиндагӣ дорам. Дар ҳаёти ман ҳеҷ дигаргуние рух надодааст, ки аз он метавон ба матбуот хабар дод. Дар бораи аз ҳеҷ чизе натарсиданам бошад, ин як ҳарзаест, ман ҳеҷ гоҳ чунин намегӯям. Ман дар назди мухлисонам, ки то ҳанӯз бозгашти маро интизоранд, худро ноҳинҷор ҳис мекунам, вале бовар кунед, ман ҳеҷ чизе ваъда надодаам, гузашта аз ин, муҳлати бозгаштам ба саҳнаро ҳам муқаррар накардаам.

Ба гуфтаи сароянда, ба ӯ занг мезананду паёмак мефиристанд ва хешону наздиконашро низ мепурсанд, ки оё дарвоқеъ ҳам ӯ баъди се моҳ боз ба саҳна бармегардад.

«Касе самимона хурсандӣ изҳор мекунад, касоне низ ҳастанд, ки бозгаши маро намехоҳанд ва  ҳамаҷониба маломатам менамоянд, ки баъди ҳиҷоб пӯшиданам боз ба саҳна баргаштанам лозим нест. Хуллас, боз атрофи ман гуфтугӯҳои ногувор, охир барои ин ҳеҷ асосе нест. Ҳамаи ин маводи пурсарусадову«доғ»-и бархе аз журналистони ғайриҳирфаӣ аст, ки баҳри болоравии рейтинги худ ва ширкати дар он фаъолиятдоштаашон аз ҳеҷ чизе рӯй наметобанд», – афзуд сароянда.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...