Манижа Давлатова: Ман ҳеҷ чизе ваъда накардаам!

Дар чанде аз ВАО маълумоте интишор шуд, ки мутобиқи он овозхони маъруф Манижа Давлатова омодагӣ изҳор намудааст, ки баъди се моҳ ба саҳна бармегардад. Хабарнигори «Азия-Плюс» бо сароянда дар тамос шуда, дархост намуд, ки ба ин изҳорот каме рӯшанӣ андозад. Дар суҳбати телефонӣ Манижа Давлатова дар ин робита гуфт: – Ман аз журналистон дархост мекунам, […]

Мавлуда Раҳматова



Дар чанде аз ВАО маълумоте интишор шуд, ки мутобиқи он овозхони маъруф Манижа Давлатова омодагӣ изҳор намудааст, ки баъди се моҳ ба саҳна бармегардад.

Хабарнигори «Азия-Плюс» бо сароянда дар тамос шуда, дархост намуд, ки ба ин изҳорот каме рӯшанӣ андозад. Дар суҳбати телефонӣ Манижа Давлатова дар ин робита гуфт:

– Ман аз журналистон дархост мекунам, ки минбаъд зимни таҳияи мавод боинсофу бовиҷдон бошанд. Чанд рӯз қабл аз нашри ин маълумот дар

сомонаи Pressa.tj

, хабарнигори ин агентӣ ба ман занг зада, дархост намуд, ки ба саволи кай ба саҳна баргаштанам посух бидиҳам. Ман посух додам, ки инро танҳо Худо медонад. Намедонам кай бошад, шояд дигар ҳеҷ гоҳ. Ман хоҳиш кардам, ки дигар маро ташвиш надиҳанд, зеро ман умуман ба матбуот чизи гуфтание надорам. Ман оромонаву хоксорона, бидуни ҳунару эҷод ва саҳна зиндагӣ дорам. Дар ҳаёти ман ҳеҷ дигаргуние рух надодааст, ки аз он метавон ба матбуот хабар дод. Дар бораи аз ҳеҷ чизе натарсиданам бошад, ин як ҳарзаест, ман ҳеҷ гоҳ чунин намегӯям. Ман дар назди мухлисонам, ки то ҳанӯз бозгашти маро интизоранд, худро ноҳинҷор ҳис мекунам, вале бовар кунед, ман ҳеҷ чизе ваъда надодаам, гузашта аз ин, муҳлати бозгаштам ба саҳнаро ҳам муқаррар накардаам.

Ба гуфтаи сароянда, ба ӯ занг мезананду паёмак мефиристанд ва хешону наздиконашро низ мепурсанд, ки оё дарвоқеъ ҳам ӯ баъди се моҳ боз ба саҳна бармегардад.

«Касе самимона хурсандӣ изҳор мекунад, касоне низ ҳастанд, ки бозгаши маро намехоҳанд ва  ҳамаҷониба маломатам менамоянд, ки баъди ҳиҷоб пӯшиданам боз ба саҳна баргаштанам лозим нест. Хуллас, боз атрофи ман гуфтугӯҳои ногувор, охир барои ин ҳеҷ асосе нест. Ҳамаи ин маводи пурсарусадову«доғ»-и бархе аз журналистони ғайриҳирфаӣ аст, ки баҳри болоравии рейтинги худ ва ширкати дар он фаъолиятдоштаашон аз ҳеҷ чизе рӯй наметобанд», – афзуд сароянда.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.