Дар намоишгоҳ-ярмаркаи «Минтақаи Синтзян-Уйғури Чин – Тоҷикистон», ки рӯзи 19-уми сентябр дар «Кохи Борбад» ба кор шурӯъ мекунад, маҳсулоти беш аз 100 ширкати Чин ба маърази тамошо гузошта мешавад.
Тавре аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хабар доданд, ҳайати иборат аз беш 100-нафараи Чинро, ки ширкатҳои саноати сабук, бахшҳои сохтмон ва кишоварзӣ, IT-технология, комплекси агросаноатӣ ва ғайраро намояндагӣ мекунанд, сардори Раёсати робитаҳои иқтисодии хориҷии Вазорати тиҷорати Чин Абдул Мачин роҳбарӣ мекунад.
Ба иттилои манбаъ, нимаи дуюми рӯзи 19-уми сентябр бо иштироки ҳайати намояндагони ширкатҳои Чин ва раҳбарони корхонаҳои узви Палатаи савдо ва саноат ва ҳамчунин кормандони вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистон ҳамоиши тоҷирону соҳибкорони ҳарду кишвар баргузор мешавад.
«Чунин чорабиниҳо ба хотири таҳким ва рушди минбаъдаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Чин, ҷалби сармояи Чин ба иқтисоди ҷумҳурӣ, мусоидат ба таъсиси корхонаҳои муштарак дар Тоҷикистон созмон дода мешаванд», – гуфт манбаъ.


