Муаррифии маҳсулоти беш аз 100 ширкати Чин дар намоишгоҳи Душанбе

Дар намоишгоҳ-ярмаркаи «Минтақаи Синтзян-Уйғури Чин – Тоҷикистон», ки рӯзи 19-уми сентябр дар «Кохи Борбад» ба кор шурӯъ мекунад, маҳсулоти беш аз 100 ширкати Чин ба маърази тамошо гузошта мешавад. Тавре аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хабар доданд, ҳайати иборат аз беш 100-нафараи Чинро, ки ширкатҳои саноати сабук, бахшҳои сохтмон ва кишоварзӣ, IT-технология, комплекси агросаноатӣ […]

Пайрав Чоршанбиев



Дар намоишгоҳ-ярмаркаи «Минтақаи Синтзян-Уйғури Чин – Тоҷикистон», ки рӯзи 19-уми сентябр дар «Кохи Борбад» ба кор шурӯъ мекунад, маҳсулоти беш аз 100 ширкати Чин ба маърази тамошо гузошта мешавад.

Тавре аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хабар доданд, ҳайати иборат аз беш 100-нафараи Чинро, ки ширкатҳои саноати сабук, бахшҳои сохтмон ва кишоварзӣ, IT-технология, комплекси агросаноатӣ ва ғайраро намояндагӣ мекунанд, сардори Раёсати робитаҳои иқтисодии хориҷии Вазорати тиҷорати Чин Абдул Мачин роҳбарӣ мекунад.

Ба иттилои манбаъ, нимаи дуюми рӯзи 19-уми сентябр бо иштироки ҳайати намояндагони ширкатҳои Чин ва раҳбарони корхонаҳои узви Палатаи  савдо ва саноат ва ҳамчунин кормандони вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистон ҳамоиши тоҷирону соҳибкорони ҳарду кишвар баргузор мешавад.

«Чунин чорабиниҳо ба хотири таҳким ва рушди минбаъдаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Чин, ҷалби сармояи Чин ба иқтисоди ҷумҳурӣ, мусоидат ба таъсиси корхонаҳои муштарак дар Тоҷикистон созмон дода мешаванд», – гуфт манбаъ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.