ҲХДТ камбудиҳои зикркардаи Эмомалӣ Раҳмонро бартараф месозад

Кумитаи иҷроияи марказӣ (КИМ)-и ҲХДТ нақшаи чорабиниҳо оид ба бартараф намудани камбудиҳо дар фаъолияти бахшҳои минтақавии ҳизбро, ки зимни маҷлиси ҳизб раиси ҲХДТ, президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо ишора карда буд, таҳия намуд. Усмон Солеҳ, мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки нақшаи чорабиниҳо […]

Аваз Юлдошев



Кумитаи иҷроияи марказӣ (КИМ)-и ҲХДТ нақшаи чорабиниҳо оид ба бартараф намудани камбудиҳо дар фаъолияти бахшҳои минтақавии ҳизбро, ки зимни маҷлиси ҳизб раиси ҲХДТ, президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо ишора карда буд, таҳия намуд.

Усмон Солеҳ, мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки нақшаи чорабиниҳо ба ҳамаи бахшҳои минтақавии ҳизб ирсол гардида, асоси онро даст кашидан аз расмиятгарӣ, навсозии усул ва методҳои кор бо аҳолии кишвар ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи ӯ, имрӯзҳо КИМ ҲХДТ дар самти ба субут расонидани корҳои омодагӣ ба анҷумани пешазинтихоботии ҳизб, ки санаи 13-уми декабр дар «Кохи Ваҳдат»-и пойтахт доир мегардад, фаъолона ҷаҳду талош меварзад. Дар анҷумани мазкур аз иштироки беш аз 1 ҳазору 200 нафар вакилон аз саросари кишвар интизорӣ меравад.

Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки КИМ ҲХДТ ва бахшҳои минтақавии ҳизб дар самти иҷрои дастури пешвои ҳизб ҷиҳати дар интихоботи парлумонӣ пешбарӣ кардани номзадҳои ҷавон ва шоиста ва ҳамчунин афзудани шумори номзадҳо ба вакилӣ аз ҳисоби занон тадбирҳо меандешанд.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон 10-уми декабри соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он ҳудуди 250 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳудуди 40 дарсади аъзои ҳизб ҷавонон мебошанд. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.