Арабистони Саудӣ аз рекорди Тоҷикистон пеш гузашт

Рӯзи 23-юми сентябр дар шаҳри Ҷидда ба муносибати солгарди иди миллӣ – Рӯзи иттиҳоди Шоҳигарии Арабистони Саудӣ маросими барафрохтани парчами миллии ин кишвар дар сутунпояи баландиаш 170 метр доир гардида, ин нишондиҳанда ба Китобҳои рекорди Гиннес номнавис шуд. Бино ба маълумоти Sauddi Gazette , ин сутунпоя аз сутунпояи парчами Тоҷикистон, ки соли 2011 насб шуда […]

ASIA-Plus



Рӯзи 23-юми сентябр дар шаҳри Ҷидда ба муносибати солгарди иди миллӣ – Рӯзи иттиҳоди Шоҳигарии Арабистони Саудӣ маросими барафрохтани парчами миллии ин кишвар дар сутунпояи баландиаш 170 метр доир гардида, ин нишондиҳанда ба Китобҳои рекорди Гиннес номнавис шуд.

Бино ба маълумоти

Sauddi Gazette

, ин сутунпоя аз сутунпояи парчами Тоҷикистон, ки

соли 2011 насб шуда буд

, 5 метр баландтар аст. Дарозии парчам – 49,5 метр, бараш – 33 метр, вазнаш – 570 килоро ташкил медиҳад дар майдони масоҳаташ қариб баробар ба майдони футбол насб гардидааст.

Дар ин макони насби сутунпояи парчам рамзи миллии Арабистони Саудӣ – ду шамшери дарозии ҳар кадоме 75 метр ва нахли 85-метра воқеъ буда, масоҳати майдон 26 ҳазор метри мураббаъро фаро гирифтааст.

Ёдрас мекунем, ки соли 2011 сутунпояи парчами миллии Тоҷикистон ҳамчун баландтарин стунпоя ба Китоби рекордҳои Гиненес дохил шуда буд. Дарозии ин сутун – 165 метр, дарозияш – 60 метр, бараш – 30 метр ва вазнаш 420 килоро ташкил дода, масоҳати умумиаш 1800 метри мураббаъро фар мегирад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.