Боздошти яке аз ҳамлагарон бо корд ба шаҳрванди Ҳиндустон

Кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе сокини 20-солаи пойтахт Фирӯз Файзов, яке аз ҳамлагаронеро, ки ҳамроҳи ҳаммаслаконаш бо корд ба шаҳрванди Ҳиндустон ҳамла оварда, ӯро захмӣ карданд, боздошт намуданд. Аз маркази матбуоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки  боздоштшуда ва ҳаммаслакони ӯ – Фаррух […]

Аваз Юлдошев



Кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе сокини 20-солаи пойтахт Фирӯз Файзов, яке аз ҳамлагаронеро, ки ҳамроҳи ҳаммаслаконаш бо корд ба шаҳрванди Ҳиндустон ҳамла оварда, ӯро захмӣ карданд, боздошт намуданд.

Аз маркази матбуоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки  боздоштшуда ва ҳаммаслакони ӯ – Фаррух Ҳошимов, сокини 26-солаи ноҳияи Темурмалик  як шахсе бо номи Саидҷаъфар рӯзи 22-юми сентябр назди тарабхонаи «Қанд»-и пойтахт бо шаҳрванди 40-солаи Ҳиндустон, корманди ҶДММ «ИМС-Преджент-менеджмент» Неоги Ависеги ба муноқиша пардохта, бо зарбаҳои корд ӯро захмӣ мекунанд ва аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд.

Ба иттилои манбаъ, айни замон ҷиҳати боздошти дигар ҳаммаслакони Ф.Файзов тадбирҳои фаврӣ андешида шуда, шаҳрванди Ҳиндустон дар Маркази миллии тиббӣ бистарӣ шудааст.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.