Дар Рашт сарбози Гвардияи миллӣ худро парронд

Сарбози қатории Гвардияи миллии Тоҷикистон, зодаи шаҳри Истаравшани вилояти Суғд Асадулло Пӯлодов, ки дар ноҳияи Рашт адои хизмат мекард, зимни посбонӣ аз аслиҳаи сабтшуда ба номаш худро паррондааст. Дар хадамоти матбуоти Гвардияи миллии Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» ин хабарро тасдиқ намуда, изҳор доштанд, ки тибқи маълумоти пешакӣ, ин амал аз беэҳтиётии сарбоз сурат гирифтааст. Ба иттилои […]

Аваз Юлдошев



Сарбози қатории Гвардияи миллии Тоҷикистон, зодаи шаҳри Истаравшани вилояти Суғд Асадулло Пӯлодов, ки дар ноҳияи Рашт адои хизмат мекард, зимни посбонӣ аз аслиҳаи сабтшуда ба номаш худро паррондааст.

Дар хадамоти матбуоти Гвардияи миллии Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» ин хабарро тасдиқ намуда, изҳор доштанд, ки тибқи маълумоти пешакӣ, ин амал аз беэҳтиётии сарбоз сурат гирифтааст.

Ба иттилои манбаъ, аз рӯи ин далел парвнадаи ҷиноӣ боз шуда, прокуратураи ҳарбии гарнизони Рашт ба таҳқиқи ҳодиса машғул аст.

Зимнан зикр гардид, ки ҷасади сарбози ҳалокшуда ба наздиконаш дода шуда, имрӯз дар шаҳри Истаравшан ба хок супурда мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.