Дастури вазири мудофиа оид ба беҳбуди сифати даъват ба хизмати ҳарбӣ

Ҳафтаи равон дар пойгоҳи Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби комиссарони ҳарбии шаҳру навоҳии мамлакат вобаста ба омодагии сафарбарӣ, даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ва дигар самтҳои фаъолият ҷамъомади методӣ-таълимӣ доир гардид. Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ, қабл аз қисмати асосии машғулиятҳои таълимӣ дар яке аз синфхонаҳои Донишкадаи ҳарбӣ, бо […]

ASIA-Plus



Ҳафтаи равон дар пойгоҳи Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби комиссарони ҳарбии шаҳру навоҳии мамлакат вобаста ба омодагии сафарбарӣ, даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ва дигар самтҳои фаъолият ҷамъомади методӣ-таълимӣ доир гардид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ, қабл аз қисмати асосии машғулиятҳои таълимӣ дар яке аз синфхонаҳои Донишкадаи ҳарбӣ, бо иштироки вазири мудофиаи мамлакат Шералӣ Мирзо ҷамъомад баргузор гардид.

Роҳбарияти вазорати дифои кишвар, нахуст вобаста ба дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ дар самти боз ҳам беҳтар ва сифатан хуб ташкилу ба роҳ мондани чорабиниҳои даъватии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ сухан гуфта, аз иштирокчиёни он, оид ба омӯзиши мавзӯҳои дар ҷамъомад пешбинишуда, муносибати ҷиддиро талаб намуд.

Ҳамзамон, вобаста ба таҳлилу натиҷаҳои даъвати баҳории соли равон ва монеаю мушкилоти ҷойдошта, дар фаъолияти баъзе аз мақомоти масъули даъватии шаҳру ноҳияҳо изҳори нигаронӣ карда шуд. Таъкид гардид, ки шумораи ҷавонони сину соли даъватӣ нисбат ба талаботи Қувваҳои Мусаллаҳ хеле зиёд аст ва ин имконият медиҳад, ки аз байни ҷавонони ҳама табақаҳои аҳолии кишвар беҳтаринҳо ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ даъват карда шаванд.

Дар охир бо мақсади бартараф намудани камбудиву монеаҳои дар боло зикргардида, баҳри дар сатҳи баланд ба роҳ мондани чорабиниҳои даъватӣ, иштирокчиёни ҷамъомад бо супоришҳои мушахаас вазифадор карда шуданд. Инчунин ҷамъомадӣ таълимӣ, бо омӯзиши мавзӯҳои гуногуни соҳавӣ идома ёфт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.