Футболбози тоҷик ташхиси доипингро нагузашта, Инчхонро тарк кард

Футболбози дастаи мунтахаби Тоҷикистон Хуршед Бекназаров пас аз вохӯрӣ бо дастаи мунтахаби Сингапур дар Бозиҳои Осиё дар Инчхони Кореяи ҷанубӣ, ки бо ҳисоби 1 бар 0 ба фоидаи тоҷикистониён анҷом ёфта буд, аз ташхиси допинг нагузашта, Инчхонро тарк кард. Дар Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» ин хабарро тасдиқ намуда, зикр карданд, ки ошкор гардидани […]

Аваз Юлдошев



Футболбози дастаи мунтахаби Тоҷикистон Хуршед Бекназаров пас аз вохӯрӣ бо дастаи мунтахаби Сингапур дар Бозиҳои Осиё дар Инчхони Кореяи ҷанубӣ, ки бо ҳисоби 1 бар 0 ба фоидаи тоҷикистониён анҷом ёфта буд, аз ташхиси допинг нагузашта, Инчхонро тарк кард.

Дар Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» ин хабарро тасдиқ намуда, зикр карданд, ки ошкор гардидани маводи манъшуда дар бадани футболбоз ба бознигарии натиҷаи вохӯрӣ бо Сингапур боис нахоҳад шуд.

Ба иттилои манбаъ, бозингари дигари дастаи мунтахаби Тоҷикистон Абдулло Саидов ба иллати дарди кӯрруда дар Инчхон ҷарроҳӣ шуда, дигар имкон надорад, ки дар ҳайати дастаи мунтахаб бозӣ кунад.

Ёдрас мекунем, ки дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар мусобиқоти гурӯҳии Бозиҳои XVII-уми осиёӣ дар Инчхони Кореяи Ҷанубӣ бар дастаҳои мунтахаби Сингапур ва Уммон бо ҳисоби якхелаи 1 бар 0 ғолиб омада, ба даври 1/8 финалӣ роҳ ёфт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 64

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 апрели соли 2026

Аз Рӯзи радио дар Тоҷикистон то зодрӯзи Марворид Қосимоваю Бозгул Додхудоева то даргузашти Талабхӯҷа Сатторов

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.