Маҳкумияти 12 нафар пайравони ҷараёни мазҳабии «Салафия»

Рӯзи 22-юми сентябр Суди олии Тоҷикистон нисбати 12 тан аз пайравони ҷараёни мазҳабии «Салафия», ки  фаъолияташ аз соли 2009 дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон шудааст, ҳукм содир кард. Судяи Суди олии Тоҷикистон, раиси мурофиаи баррасии парванда нисбати «салафиҳо» таъкид дошт, ки пешвои гурӯҳ Карим Давлатов бар асоси моддаи 187-и КҶ ҶТ (Ташкили гурӯҳи ҷиноятпеша) ба 10 […]

Аваз Юлдошев



Рӯзи 22-юми сентябр Суди олии Тоҷикистон нисбати 12 тан аз пайравони ҷараёни мазҳабии «Салафия», ки  фаъолияташ аз соли 2009 дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон шудааст, ҳукм содир кард.

Судяи Суди олии Тоҷикистон, раиси мурофиаи баррасии парванда нисбати «салафиҳо» таъкид дошт, ки пешвои гурӯҳ Карим Давлатов бар асоси моддаи 187-и КҶ ҶТ (Ташкили гурӯҳи ҷиноятпеша) ба 10 соли зиндон маҳкум шуд.

Зикр гардид, ки Юсуф Тоҳиров, Аюб Шарифов, Ҷамолиддин ва Камолиддин Лоиқовҳо, Ҳабибулло Раҳмонов, Анвар Лашкаров ва Раҳматулло Ғуломов ҳар кадоме  3-солӣ аз озодӣ маҳрум гардида, чор нафар боқимонда сокинони шаҳру мавзеи гирду атрофи Душанбе ҳар кадоме дар ҳаҷми 60 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.