Мунтахаби дзюдои Тоҷикистон аз ширкат дар сабқати даставии Бозиҳои осиёӣ даст кашид

Дастаи мунтахаби дзюдои Тоҷикистон аз ширкат дар сабқати даставии Бозиҳои XVII осиёӣ даст кашид. Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад. Дар сабқати дзюдо се варзишгари тоҷик – Расул Абдушарифов (-66 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (+100 кг) – барои медалҳои биринҷӣ мубориза бурданд, вале ноком шуданд. Дар натиҷа ҳарсе […]

ASIA-Plus



Дастаи мунтахаби дзюдои Тоҷикистон аз ширкат дар сабқати даставии Бозиҳои XVII осиёӣ даст кашид. Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Дар сабқати дзюдо се варзишгари тоҷик – Расул Абдушарифов (-66 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (+100 кг) – барои медалҳои биринҷӣ мубориза бурданд, вале ноком шуданд. Дар натиҷа ҳарсе ҷойҳои 5-умро соҳиб гаштанд.

Чор паҳлавони дигари тоҷик – Каъбатулло Аминов (-60 кг), Саидмухтор Расулов (73 кг), Фарҳод Раҳимов (-81 кг) ва Дадахон Қурбоналиев (-100 кг) дар даврҳои муқаддамотӣ шикаст хӯрданд.

Қобили зикр аст, дастаи Тоҷикистон бештар аз дзюдочиён ба даст овардани медалҳоро интизорӣ дошт.

Дар ин бозиҳо, ки намояндагони Тоҷикистон дар 16 навъи варзиш рақобат мекунанд, дастаи мунтахаби Тоҷикистон алҳол ба ҳеҷ дастоварде ноил нагардид.

Дар Бозиҳои XVII осиёӣ дар Инчон мунтахаби Чин ҳам дар ҳисоби умумидастаӣ ва ҳам бо назардошти сифати медалҳо пешсафи ягона мебошад. Варзишгарони Чин дар муддати чор рӯзи мусобиқот ҳамагӣ 82 медал – 40 тилло, 22 нуқра ва 20 медали биринҷӣ ба даст овардаанд. Мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо касби 59 медал – 19 нишони тилло, 19 нуқра ва 21 биринҷӣ – дар мақоми дувум аст. Варзишгарони Ҷопон бо касби 60 медал -16 нишони тилло, 22 нуқра ва 22 биринҷӣ дар мақоми севуманд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.