Бақияи амонатҳо дар бонкҳои ҷумҳурӣ 17% афзуд

Зиёд шудани пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба воситаи ҷалби онҳо аз ҷониби ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ идома дорад. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии ҷумҳурӣ, бақияи амонатҳо тибқи маълумотҳои оморӣ дар охири моҳи августи соли ҷорӣ 6 млрд. 167,9 млн.сомониро ташкил додааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 16,9 фоиз зиёд аст. Таҳлили […]

ASIA-Plus



Зиёд шудани пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба воситаи ҷалби онҳо аз ҷониби ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ идома дорад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии ҷумҳурӣ, бақияи амонатҳо тибқи маълумотҳои оморӣ дар охири моҳи августи соли ҷорӣ 6 млрд. 167,9 млн.сомониро ташкил додааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 16,9 фоиз зиёд аст.

Таҳлили таркиби бақияи ҳаҷми пасандозҳо нишон дод, ки 34,1 фоиз (2 млрд. 101,6 млн. сомонӣ)-ро пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 65,9 фоиз (4 млрд. 066,3 млн. сомонӣ)-ро пасандозҳои шахсони воқеӣ ташкил медиҳанд, ки назар ба ҳамин давраи соли қаблӣ ҷалби маблағҳои шахсони воқеӣ нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ бештар гардидааст.

Баъди ҷамъбасти маълумотҳои оморӣ дар ҳашт моҳи соли 2014 маълум гардид, ки фоизҳои миёнавазни амонатҳо бо пули миллӣ 15,11 фоизи солона ва амонатҳо бо асъори хориҷӣ 12,11 фоизи солонаро ташкил намуданд.

Қобили зикр аст, ки ба ҳолати 1 июли соли равон дар Тоҷикистон теъдоди ташкилотҳои қарзӣ 141 ададро ташкил дод, аз ҷумла: 17 бонк, 1 ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ, 41 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 43 ташкилоти қарзии хурд ва 39 фонди қарзии хурд

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.