Дар нишасти навбатии ИДМ Кӯлоб пойтахти фарҳангии Иттиҳод эълон мешавад

Санаи 10-уми октябри соли равон дар шаҳри Минск таҳти раёсати президенти Беларус Александр Лукашенко нишасти навбатии сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) доир мегардад. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар нишасти мазкур қабули қарор дар бораи дар соли 2015 амалисозии барномаи байниҳукуматии «Пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳод» дар Русия ва Тоҷикистон ва мутаносибан […]

ASIA-Plus



Санаи 10-уми октябри соли равон дар шаҳри Минск таҳти раёсати президенти Беларус Александр Лукашенко нишасти навбатии сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) доир мегардад.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар нишасти мазкур қабули қарор дар бораи дар соли 2015 амалисозии барномаи байниҳукуматии «Пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳод» дар Русия ва Тоҷикистон ва мутаносибан пойтахтҳои фарҳангии ИДМ эълон кардани шаҳрҳои Воронеж ва Кӯлоб дар соли 2015 дар назар аст.

Ба иттилои манбаъ, рӯзномаи нишаст 17 лоиҳаи санадҳоро дар бар мегирад, ки ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои гуманитарӣ, таъмини амният ва дигар бахшҳо равона гардида, ҳамчунин як қатор масоили тадорукотӣ низ баррасӣ мешаванд.

Гуфта мешавад, яке аз санадҳои муҳими баррасишаванда лоиҳаи Муроҷиатномаи сарони кишвархои узви ИДМ ба мардуми давлатҳои иштирокчии Иттиҳод ва ҷомеиа ҷаҳонӣ дар робита ба 70-умин солгарди Ғалабаи мардуми Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.