Иштироки вакилони парлумони Тоҷикистон дар интихобот ба сенати Қазоқистон

Ду нафар вакилони парлумони Тоҷикистон ба ҳайси нозир дар маъракаи интихобот ба сенат (палатаи болоӣ)-и парлумони Қазоқистон, ки 1-уми октябр доир мегардад, иштирок мекунанд. Тавре як манбаъ аз КМИР Тоҷикистон хабар дод,узви палатаи болоии парлумон, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ва вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Дилшод Исматуллоев дар ҳайати Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ аз […]

Аваз Юлдошев



Ду нафар вакилони парлумони Тоҷикистон ба ҳайси нозир дар маъракаи интихобот ба сенат (палатаи болоӣ)-и парлумони Қазоқистон, ки 1-уми октябр доир мегардад, иштирок мекунанд.

Тавре як манбаъ аз КМИР Тоҷикистон хабар дод,узви палатаи болоии парлумон, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ва вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Дилшод Исматуллоев дар ҳайати Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ аз ҷараёни баргузории интихоботи мазкур мушоҳида хоҳанд кард.

Ба гуфтаи раиси дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додоев, аъзои Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии ҷумҳурӣ Зиё Раҳмон ва сармутахассиси комиссияи мазкур Далер Сафаров низ Тоҷикистонро ба сифати нозирони байнулмилалӣ дар ин интихобот намояндагӣ мекунанд.

Қобили зикр аст, ки парлумони Қазоқистон аз ду палата: Сенат (палатаи болоӣ) ва Маҷлис (палатаи поёнӣ) иборат аст. Сенат 47 вакил дошта, 32 нафарашро вакилони маҷлисҳои маҳаллии вилоятҳо интихоб мекунанд. Боқимонда 15 нафари дигарро президенти Қазоқистон ба муҳлати 6 сол таъйин менамояд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.