Кӯчарӯбро автомашинаи ёвари прокурор пахш кардааст

Аз рӯи далели ҳалок шудани корманди раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Синои пойтахт Зевармо Пироваи 54-сола бар асари зери чархи автомашина мондан дар назди меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенсӣ», ёвари прокурори ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Фирӯз Холиқзода боздошт шудааст. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» Назир Ниёз, и.в. директори раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Сино хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, […]

Аваз Юлдошев



Аз рӯи далели ҳалок шудани корманди раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Синои пойтахт Зевармо Пироваи 54-сола бар асари зери чархи автомашина мондан дар назди меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенсӣ», ёвари прокурори ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Фирӯз Холиқзода боздошт шудааст. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» Назир Ниёз, и.в. директори раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Сино хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, аз рӯи далели гунаҳкорӣ дар содир шудани садамаи нақлиёт ва пинҳон шудан аз ҷойи ҳодиса нисбати Фирӯз Холиқзода аз ҷониби прокуратураи шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст.

Ёдрас мекунем, ки ин ҳодиса субҳи рӯзи якшанбе зимни ба кӯчарӯбӣ машғул будани Зевармо Пирова рух дода, ӯ зери чархи автомашина монд.

Ба қавли Назир Ниёз, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес» бо суръати баланд З.Пироваро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб зад. «Зарба ба ҳадде сахт буд, ки ҷисми занро ба қисматҳо ҷудо намуда, ду нафар ҳамкорони ӯ аз дидани ин манзара беҳуш ва ба Маркази миллии тиббӣ фиристода шуданд», – иброз дошт вай.

«Зевармо 9-уми сентябр синни 54-ро пур карда, чор фарзанд дорад. Ду нафар фарзандонаш ҳоло мактабхонанд ва шавҳараш дар Русия кор мекунад», – афзуд Ниёз.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.