Мулоқоти Ш.Зуҳуров бо президент ва нахуствазири тозаинтихоби Афғонистон

Пас аз иштирок дар маросими расман сари мансаб омадани президенти Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ва раиси иҷроии Ҳукумати ваҳдати миллӣ (нахуствазир) Абдулло Абдулло раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо онҳо мулоқот кард. Тавре котиби матбуотии МНМО ҶТ Муҳаммадато Султонов хабар дод, зимни мулоқоти Ш.Зуҳуров бо президенти тозаинтихоби Афғонистон масъалаҳои рушди ҳамкориҳо дар […]

Аваз Юлдошев



Пас аз иштирок дар маросими расман сари мансаб омадани президенти Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ва раиси иҷроии Ҳукумати ваҳдати миллӣ (нахуствазир) Абдулло Абдулло раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо онҳо мулоқот кард.

Тавре котиби матбуотии МНМО ҶТ Муҳаммадато Султонов хабар дод, зимни мулоқоти Ш.Зуҳуров бо президенти тозаинтихоби Афғонистон масъалаҳои рушди ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёт, коммуникатсия, амният ва амалисозии лоиҳаҳои минтақавӣ баррасӣ шуданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ Шукурҷон Зуҳуров изҳор намудааст, ки Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори сулҳу ризоят дар Афғонистон аст. «Мо ҳамеша ташаббусҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ, раҳбарияти Афғонистон дар роҳи ноил гардидан ба сулҳу созиш дар кишвари дӯстро, ки моро бо ҳама робитаҳои чандинсараи таърихиву фарҳангӣ ба ҳам мепайванданд, ҳамеша дастгирӣ мекунем», – қайд кардааст Зуҳуров.

Ӯ ба президенти нави Афғонистон табрикот ва орзуҳои самими президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро низ расонидааст.

Дар навбати худ президенти Афғонистон сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба боздиди расмӣ аз Афғонистон дар фурсати барояш қулай даъват кардааст.

Зимни мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо доктор Абдулло Абдулло масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши иқтисод баррасӣ шуданд.

Зимни вохӯрӣ Шукурҷон Зуҳуров зикр кардааст, ки таъсиси ҳукумати Ваҳдати миллӣ дар Афғонистон ҷомеаи ҷаҳониро ба расидан ба сулҳу ризоият дар фурсати наздиктарин дар ин кишвар умедвор месозад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.