Пешниҳоди раиси Шӯрои ВАО ба пленуми Суди олии Тоҷикистон

Чанде қабл раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон Қироншоҳ Шарифзода дар кори пленуми Суди олии Тоҷикистон ширкат варзид, ки дар он масъалаҳои марбут ба мурофиаҳои кушоди судӣ ва дастрасӣ ба маълумот дар бораи фаъолияти судҳо баррасӣ шуданд. Раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки зимни суханрониаш ӯ ба ҷой доштани мухолифатҳо дар […]

Аваз Юлдошев



Чанде қабл раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон Қироншоҳ Шарифзода дар кори пленуми Суди олии Тоҷикистон ширкат варзид, ки дар он масъалаҳои марбут ба мурофиаҳои кушоди судӣ ва дастрасӣ ба маълумот дар бораи фаъолияти судҳо баррасӣ шуданд.

Раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки зимни суханрониаш ӯ ба ҷой доштани мухолифатҳо дар қонунгузории ҷумҳурӣ оид ба иштироки журналистон дар мурофиаҳои кушоди судӣ ишора намуда, пешниҳод кардааст, ки то ислоҳи ин ихтилофҳо бо қарори пленуми Суди олӣ мақоми ҳуқуқии намояндагони ВАО дар чунин мурофиаҳо муайян карда шавад.

Ба гуфтаи ӯ, дар тавсияҳои пленуми Суди олӣ таъкид мегардад, ки дар мурофиаи кушодаи судӣ шахсоне низ иштирок карда метавонанд, ки иштирокчии мурофиаи судӣ нестанд, аз ҷумла журналистон.

«Аксбардориву сабти видеойӣ дар чунин мурофиаҳо танҳо пас аз иҷозати судяи раисикунада дар ин мурофиа имконпазир аст», – қайд кард Шарифзода.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.