«Суғуртаи миллӣ» то 80%-и маблағи табобати шуморо пардохт мекунад

Барномаи суғуртавии «АМАЛ»-и ширкати «Суғуртаи миллӣ» пардохти то 80-%-и мабалги табобати табобати шуморо ба уҳда мегирад. Барнома замимаи ҳатмии Қоидаҳои суғуртаи ихтиёрии тиббӣ буда, масоили зайлро танзим менамояд: Бо пардохт кардани  ҳаққи машварати духтури  Бемористони Ибни Сино ва филиалҳои он, Шумо ба таври ройгон корти пластикии ҶДММ «Суғуртаи миллӣ»-ро дастрас менамоед, ки  дар он маълумоти […]

Иттилоияи расмӣ



Барномаи суғуртавии «АМАЛ»-и ширкати «Суғуртаи миллӣ» пардохти то 80-%-и мабалги табобати табобати шуморо ба уҳда мегирад.

Барнома замимаи ҳатмии Қоидаҳои суғуртаи ихтиёрии тиббӣ буда, масоили зайлро танзим менамояд:

Бо пардохт кардани  ҳаққи машварати духтури  Бемористони Ибни Сино ва филиалҳои он, Шумо ба таври ройгон корти пластикии ҶДММ «Суғуртаи миллӣ»-ро дастрас менамоед, ки  дар он маълумоти лозим  дар бораи Шумо сабт  шудааст ва минбаъд  ҳамаи хидматҳои  Бемористони Ибни Сино ва филиалҳои он бо пешниҳоди ин корт расонида мешавад. 

Бо ин корт Шумо метавонед саломатии худро дар ҶДММ «Суғуртаи миллӣ» суғурта кунед. Пас  аз он  то 80% (ҳаштод дар сад)-и хидматҳои  тиббии расонидашуда  ба Шуморо  ҶДММ «Суғуртаи миллӣ» пардохт мекунад. Барои ин  лозим аст  ба ташкилоти суғуртавии «Суғуртаи миллӣ» муроҷиат намоед. Дар навбати худ кормандони ҶДММ «Суғуртаи миллӣ» ба Шумо таърифаи муносиб пешниҳод менамоянд.

Бо пардохт намудани 500 (панҷсад) сомонӣ ҳаққи суғуртавӣ маблағи пӯшиш 20 000 (бист ҳазор) сомониро ташкил медиҳад.

Баъди пардохт намудани ҳаққи суғуртавӣ ба хазинаи ҶДММ «Суғуртаи миллӣ» корти суғуртавӣ фаъол карда мешавад, ки  пас аз як моҳи  ба имзо расидани шартнома ба амал оғоз  мекунад.    Муддати фаъолияти корт 12 моҳ мебошад.

Шахси суғурташуда ҳуқуқ дорад барои гирифтани хидматҳои тиббӣ дар Бемористони Ибни Сино, филиалҳои он  ва дигар дармонгоҳҳое, ки ҶДММ «Суғуртаи миллӣ» бо онҳо дар мавриди  расонидани хидматҳои тиббӣ дар чорчӯби суғуртаи ихтиёрии тиббӣ шартнома бастааст,  муроҷиат намояд.

Маълумоти муфассал дар ин хусус бо суроғаи

www.sugurta.tj

қобили дарёфт аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.