Тафтиши парвандаи ҳалокати кӯчарӯб аз садамаро Прокуратураи генералӣ идома медиҳад

Тафтиши парванда аз рӯи далели  ҳалок шудани корманди раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Синои пойтахт Зевармо Пироваи 54-сола бар асари зери чархи автомашинаи ёвари прокурори ноҳияи Исмоили Сомонӣ Фирӯз Холиқзода мондан дар назди меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенсӣ»-ро Прокуратураи генералии Тоҷикистон идома медиҳад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз прокуратураи шаҳри Душанбе хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, аз […]

Аваз Юлдошев



Тафтиши парванда аз рӯи далели  ҳалок шудани корманди раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Синои пойтахт Зевармо Пироваи 54-сола бар асари зери чархи автомашинаи ёвари прокурори ноҳияи Исмоили Сомонӣ Фирӯз Холиқзода мондан дар назди меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенсӣ»-ро Прокуратураи генералии Тоҷикистон идома медиҳад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз прокуратураи шаҳри Душанбе хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, аз рӯйи далели гунаҳкорӣ дар содир шудани садамаи нақлиёт ва пинҳон шудан аз ҷойи ҳодиса чанде қабл нисбати Фирӯз Холиқзода аз ҷониби прокуратураи шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноӣ боз гардида, имрӯз тафтиши ин парвандаро Прокуратураи генералӣ ба уҳда гирифтааст.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти расида ба «Азия-Плюс» аз факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, гунаҳкори садамаи нақлиёт Фирӯз Холиқзодаи 31-сола писари собиқ декани факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ профессор Кароматулло Холиқов мебошад, ки ду сол қабл аз олам даргузашта буд.

Ёдрас мекунем, ки ин ҳодиса субҳи рӯзи якшанбе зимни ба кӯчарӯбӣ машғул будани Зевармо Пирова рух дода, ӯ зери чархи автомашина монд.

Ба қавли Назир Ниёз,  и.в. директори раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Сино, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес» бо суръати баланд З.Пироваро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб зад. «Зарба ба ҳадде сахт буд, ки ҷисми занро ба қисматҳо ҷудо намуда, ду нафар ҳамкорони ӯ аз дидани ин ҳодиса беҳуш ва ба Маркази миллии тиббӣ фиристода шуданд», – иброз дошт вай.

«Зевармо 9-уми сентябр синни 54-ро пур карда, чор фарзанд дорад. Ду нафар фарзандонаш ҳоло мактабхонанд ва шавҳараш дар Русия кор мекунад», – афзуд Ниёз.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 апрели соли 2026

Аз Рӯзи радио дар Тоҷикистон то зодрӯзи Марворид Қосимоваю Бозгул Додхудоева то даргузашти Талабхӯҷа Сатторов

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.