Вохӯрии сафири Тоҷикистон бо тоҷикони Покистон

Дар Исломобод вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Шералӣ Ҷононов бо ҳайати тоҷикони бумии Покистон, бо сарварии Соҳибзода Афзал Тоҷик баргузор гардид. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, Соҳибзода Афзал Тоҷик изҳор намудааст, ки дар Покистон ҷамъияти тоҷикон бо номи «Тоҷик Қавми Иттиҳад Парти Пакистан» амал менамояд, ки он асосан ба ҳимояи […]

ASIA-Plus



Дар Исломобод вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Шералӣ Ҷононов бо ҳайати тоҷикони бумии Покистон, бо сарварии Соҳибзода Афзал Тоҷик баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, Соҳибзода Афзал Тоҷик изҳор намудааст, ки дар Покистон ҷамъияти тоҷикон бо номи «Тоҷик Қавми Иттиҳад Парти Пакистан» амал менамояд, ки он асосан ба ҳимояи ҳуқуқҳои аққалиятҳои тоҷикон, нигаҳ доштани ҳуввияти миллии тоҷикони Покистон, ташвиқи фарҳанг, забон ва мероси хаттии гузаштагони ниёгон ва инъикоси ҳаёти имрӯзаи тоҷикони Покистон ба шумор меравад.

Зикр гардидааст, ки бо ин мақсад дар тӯли 24 сол дар Покистон ҳафтаномаи бо номи «Тоҷик» нашр мешавад, ки  дар он маҷмӯи масъалаҳои вобаста ба фаъолияти тоҷикони Покистон инъикос мегарданд.

Тоҷикони Покистон ба фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун Раиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон-«Пайванд» баҳои баланд доданд. Дар хотима масъалаҳои вобаста ба рушди муносибатҳои  тоҷикони Покистон бо мақсади фароҳам овардани фазои ягонаи фарҳангӣ, илмӣ ва забонӣ муҳокима гардиданд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.