Зойирини тоҷик беш аз 6 ҳазор сар гӯсфанд қурбонӣ мекунанд

Шоми 29-уми сентябри соли ҷорӣ дар Маккаи мукаррама як гуруҳи корӣ бо шумули Раиси мавсими ҳаҷи соли 2014 Тоҷиддин Асомуддинзода, сардори ситоди ҳаҷ-2014 Азизулло Мирзозода, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдукарим Мустафозода ва дигар шахсони масъул аз макони қурбонӣ дидан намуданд. Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва […]

ASIA-Plus



Шоми 29-уми сентябри соли ҷорӣ дар Маккаи мукаррама як гуруҳи корӣ бо шумули Раиси мавсими ҳаҷи соли 2014 Тоҷиддин Асомуддинзода, сардори ситоди ҳаҷ-2014 Азизулло Мирзозода, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдукарим Мустафозода ва дигар шахсони масъул аз макони қурбонӣ дидан намуданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати ҶТ, дар ин ҷо беш аз 6 ҳазор сар гӯсфанд хос барои зоирини тоҷик ҷудо гардидааст, то онҳо тавонанд дар рӯзи Иди Қурбон қурбониро анҷом диҳанд.

Ба иттилои манбаъ, гӯсфандон дар асоси шартномаи миёни Кумита ва ширкати хизматрасон харидорӣ гардидаанд ва дар робита ба ҳар як зоири тоҷик расиди махсус оид ба анҷом гирифтани қурбонӣ дода мешавад.

Гуфта мешавад, инчунин, ба қавли масъулини ширкати хизматрасон аз миқдори умумии гӯшти гӯсфандони қурбонишаванда тақрибан 5 тоннаи он дар ихтиёри зоирини тоҷик гузошта мешавад, то онҳо низ аз қурбонии анҷомдодаи худ тановул намоянд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.