Ярмарка-фурӯши маҳсулот дар бозорҳои Душанбе дар остонаи Иди Қурбон

Мақомоти шаҳрдории Душанбе дар робита ба ғанӣ гардонидани дастурхони сокинони пойтахт дар ҷашни Иди Қурбон ба хадамоти дахлдори шаҳр дастуру супоришҳо дод. Сухангӯи раиси пойтахт Шавкат Саидов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки мутобиқи дастур, бо истифода аз имконоти КВД «Истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе», бозорҳои «Шоҳмансур», […]

Аваз Юлдошев



Мақомоти шаҳрдории Душанбе дар робита ба ғанӣ гардонидани дастурхони сокинони пойтахт дар ҷашни Иди Қурбон ба хадамоти дахлдори шаҳр дастуру супоришҳо дод.

Сухангӯи раиси пойтахт Шавкат Саидов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки мутобиқи дастур, бо истифода аз имконоти КВД «Истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе», бозорҳои «Шоҳмансур», «Саховат», «Деҳқон» ва «Қараболо»-и пойтахт ва ҳамчунин бозорҳои хусусӣ рӯзҳои 3-4-уми октябр ярмарка-фурӯши маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ баргузор мекунанд.

Зимнан зикр гардид, ки хадамоти дахлдори шаҳр вазъи санитарӣ ва зиддисӯхтор дар макони инчорабиниҳоро назорат карда, ҳамчунин тартиботи ҷамъиятиро таъмин мекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Сохтмон

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.

Бонки осиёии рушд болоравии иқтисоди Тоҷикистонро дар соли равон 7,3% пешгӯӣ мекунад

Ин ниҳоди байнулмилалии молиявӣ нақши калидии саноатро барои рушди устувор зикр кардааст.

Бонки исломии рушд барои тавсеаи бахши сайёҳӣ ва омӯзиши соҳибкорӣ ба Тоҷикистон беш аз $18 млн медиҳад

Беш аз 9,5 млн доллари он қарз буда, ҳоло шарту шароити гирифтани он маълум нест.

Музокироти Эрону Амрико дар Исломобод: Чеҳраҳои аслӣ кистанд?

Ва чаро маҳз онҳо ба ҳайси музокиракунанда интихоб шудаанд?