Бурси БОР баҳри такмили дидбонгоҳ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон созишномаи бурсӣ миёни Тоҷикистон ва Бонки осиёгии рушд (БОР) аз рӯи лоиҳаи «Ҳамкории иқтисодии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ оид ба такмили кори хадамотҳои марзбонӣ»-ро тасдиқ намуд. Зимни суханронӣ назди вакилон дар робита ба ин масъала муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Аъламхон Наимӣ изҳор намуд, ки дар лоиҳа бунёди зербинои дахлдор дар […]



Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон созишномаи бурсӣ миёни Тоҷикистон ва Бонки осиёгии рушд (БОР) аз рӯи лоиҳаи «Ҳамкории иқтисодии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ оид ба такмили кори хадамотҳои марзбонӣ»-ро тасдиқ намуд.

Зимни суханронӣ назди вакилон дар робита ба ин масъала муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Аъламхон Наимӣ изҳор намуд, ки дар лоиҳа бунёди зербинои дахлдор дар дидбонгоҳи марзии «Гулистон» дар шаҳри Исфара пешбинӣ шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, лоиҳа аз се марҳила иборат буда, маблағи умумии он 11,1 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки 9,2 млн. доллари онро бурси БОР ташкил медиҳад ва ҳиссаи ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин лоиҳа ба 1,9 млн. доллари ИМА аз ҳисоби озод кардан аз пардохти андозҳо баробар аст.

«Дар лоиҳа сохтмон ва аз нигоҳи техникӣ муҷаҳҳаз гардонидани терминал, анбор ва дигар иншооти зербино дар назар аст, ки ба коҳиши вақти анҷоми расмиёт ва интиқоли бештари борҳо мусоидат мекунад», – таъкид дошт Наимӣ.

Зимнан зикр гардид, ки амалисозии лоиҳаи мазкур нимаи аввали соли 2018 ба итмом мерасад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.