Рӯзи якшанбеи ҳафтаи сипаришуда президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияҳои Носири Хусрав ва Шаҳритӯси вилояти Хатлон боздид намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, сафари президент ба ноҳияи Носири Хусрав бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда, ба бунёди бинои сеошёнаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1280 хонанда дар ду баст оғоз гардид.
Тибқи лоиҳа, мактаб аз 2 бинои таълимӣ, бинои алоҳида барои толори варзишӣ ва дигар биною иншоот иборат хоҳад буд. Ин муассисаи нави таълимӣ бо харҷи 12 миллион сомонӣ дар майдони беш аз 3 гектар дар давоми ду сол бунёд гардида, дорои 26 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла як синфхонаи компютерӣ бо 24 компютер ва дигар синфхонаҳои фаннӣ хоҳад буд.
Дар ин ҷо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии сокинон ва ҳунармандони ноҳия низ дидан кард. Дар намоишгоҳ аз ҷониби занони чирадаст намунаҳои зебои зардӯзию гулдузӣ, гилембофию қолинбофӣ ва дигар расму анъанаҳои хоси ин маҳал ба роҳбари давлат муаррифӣ карда шуд.
Дар ноҳияи Носири Хусрав Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин ба ҷамоати деҳоти Истиқлол ташриф оварда, нахуст дар намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ бо дастовардҳои соҳа шинос шуд. Дар ин ҷо беш аз 35 номгӯи маҳсулоти кишоварзӣ, ки дар ноҳияи мазкур истеҳсол мешаванд, ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ карда шуд.
Аз ноҳияи Носири Хусрав сарвари давлат ба ноҳияи Шаҳритӯс раҳсипор гардида, нахуст дар маросими мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи абрешимресии Дук ширкат варзид, ки нахустин чунин корхона дар вилояти Хатлон мебошад.
Дар назди ин корхона Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони корхонаи дуюми ин соҳибкор, ки барои атласбофӣ пешбинӣ шудааст, оғоз бахшид. Тавре зикр гардид, 40 нафари дигар дар ин корхонаи атласбофӣ бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд. Иқтидори лоиҳавии ин корхона имкон медиҳад, ки дар як басти корӣ ё худ 8 соат беш аз 500 метри мураббаъ атласи хушсифати бозоргир истеҳсол шавад.
Ҳамчунин президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияҳои Носири Хусрав ва Шаҳритӯс мулоқот кард.



