Э.Раҳмон дар Душанбе гузашти низомиро қабул мекунад

Ба муносибати солгарди навбатии таъсиси Гвардияи миллии Тоҷикистон имрӯз, 13-уми октябр бо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе гузашти низомӣ доир мегардад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ хабар дод, дар гузашти низомӣ, ки дар маркази таълимии Гвардияи миллӣ баргузор мешавад, беш аз 4 ҳазор нафар сарбозону афсарон ширкат меварзанд. […]

Аваз Юлдошев



Ба муносибати солгарди навбатии таъсиси Гвардияи миллии Тоҷикистон имрӯз, 13-уми октябр бо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе гузашти низомӣ доир мегардад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ хабар дод, дар гузашти низомӣ, ки дар маркази таълимии Гвардияи миллӣ баргузор мешавад, беш аз 4 ҳазор нафар сарбозону афсарон ширкат меварзанд.

Ба иттилои мнабаъ, дар гузашт ба ҷуз сарбозону афсарони Гвардияи миллӣ, ҳамчунин ҷузъу томҳои ҷудогонаи ВКД, Вазорати мудофиа, нерӯҳои марзбонӣ ва дигар сохторҳои қудратии кишвар низ иштирок мекунанд.

Қобили зикр аст, ки Гвардияи миллии Тоҷикистон, ки қаблан Гвардияи президентӣ ном дошт, моҳи сентябри соли 1995 таъсис дода шуд. Моҳи январи соли 2004 Гвардияи президентӣ ьа Гвардияи миллӣ табдили ном кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.