Президенти Озарбойҷон назди донишҷӯёни ДМТ маърӯза мекунад



Нимаи дуюми имрӯз президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев бо сафари расмии дурӯза ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, маросими расмии истиқболи сарвари давлати Озарбойҷон пагоҳ дар назди Кохи миллат доир мегардад.

Пас аз дидору гуфтушуниди як ба яки сарварони давлатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон ва ҳайатҳои расмии кишварҳо имзои як қатор созишномаҳои ҳамкорӣ дар назар аст.

«Дар ҷараёни сафар Илҳом Алиев бо нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров низ мулоқот мекунад», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки президенти Озарбойҷон ҳамчунин аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон боздид намуда, назди донишҷӯёни тоҷик маърӯза мекунад.

spot_imgspot_img

Популярное