Муовини сардори ШВКД Айнӣ: Рустам аз ғазаб ба ҳаво тир холӣ кард

Муовини сардори шуъбаи ВКД дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд майори милиса Абдусамад Абдулов дар шарҳи ҳодисаи ба сӯйи сардори шуъбаи БДА тир холӣ кардани Рустам Ҳукумов , писари собиқ роҳбари Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон Амонулло Ҳукуматулло иброз дошт, ки Рустам Ҳукумов ба ҳаво тир холӣ кардааст. Ба гуфтаи ӯ, автомашинаи Р.Ҳукумов ҳангоми ҳаракат бо роҳи […]



Муовини сардори шуъбаи ВКД дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд майори милиса Абдусамад Абдулов дар шарҳи ҳодисаи

ба сӯйи сардори шуъбаи БДА тир холӣ кардани Рустам Ҳукумов

, писари собиқ роҳбари Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон Амонулло Ҳукуматулло иброз дошт, ки Рустам Ҳукумов ба ҳаво тир холӣ кардааст.

Ба гуфтаи ӯ, автомашинаи Р.Ҳукумов ҳангоми ҳаракат бо роҳи Душанбе – Хуҷанд дар қаламрави ноҳияи Айнӣ дар танба (пробка) дармонда, «Рустам аз хашмгинӣ ба ҳаво тир холӣ кардааст». Абдулов қайд кард, ки дар ҷойи ҳодиса сардори БДА-и ноҳия ҳузур надошта, танҳо кормандони қатории шуъба будаанд. «Рустам аз ғазаб ба ҳаво як тир холӣ кард. Ҳеҷ касе осеб надидааст ва тир аз яроқи пневматикӣ парронида шуд», – гуфт ӯ.

Ӯ тасдиқ намуд, ки дар роҳ ҳаракат аз як тарафи роҳ ҷараён дошт ва автомашинаи Р.Ҳукумов ба пеш гузаштааст, ки ба танбашавии воситаҳои нақлиёт боис гардидааст. «Корманди БДА рақамҳои автомашинаи Р.Ҳукумовро гирифтанӣ шуда, ронанда баъди ба ҳаво тир холӣ кардан, аз ҷойи ҳодиса нопадид, вале дар дидбонгоҳи дигари БДА дастгир карда шуд», – зикр кард майор.

Номбурда ҳамчунин гуфт, аз рӯйи ин ҳодиса санади дахлдор тартиб дода шуда, Ҳукумов оид ба ҳозир шудан ба даъват дар сурати зарурат баёнот додааст. «Мо ҳамаи ҳуҷҷатҳои Ҳукумовро санҷидем ва барои истифодаи аслиҳаи пневматикӣ ӯ иҷозатнома дорад», – афзуд Абдулов.

Чанд сол қабл Рустам Ҳукумов ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар ҳаҷми ниҳоят зиёд дар қаламрави Русия боздошт ва соли 2008 ба 9 соли зиндон маҳкум гардида буд, вале баъди 3,5 сол бегуноҳ эътироф гардида, ба ватан баргашт.

Як сол пеш автомашинаи таҳти идораи Расули Амонуллои 16-сола, писари хурдии Амонулло Ҳукуматулло дар хиёбони Рӯдакии пойтахт бо автошинаи дигар бархӯрда, ба марги се нафар боис гардид. Он замон модари наврас барои риоя накардани муқаррароти қонун дар бораи масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд ба маблағи 120 сомонӣ ҷарима шуд. Вазири корҳои дохилӣ зимни конфронси матбуотӣ дар ин робита изҳор намуд, ки нисбати ин ҳодиса 7 ташхис гузаронида шуда, онҳо гунаҳкор набудани Расули Амонулло дар ин садамаро нишон додаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.