Рӯзи 14 октябри 2014 мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Муовини Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо (UNECE) Андрей Василев баргузор гардид.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар рафти мулоқот доираи васеъи масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо, аз ҷумла дар соҳаҳои обу энергетика, нақлиёт, гумрук мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Гуфта мешавад, инчунин тарафҳо ҳамкориҳои дуҷонибаро дар чаҳорчӯби Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ (СПЕКА), аз ҷумла иштироки Тоҷикистон дар 9-умин ҷаласаи Шӯрои идоракунандаи СПЕКА ва Форуми иқтисодии СПЕКА (Ашхобод, 4-5 декабри 2014) баррасӣ намуданд.
Зимнан зикр мегардад, ки ба масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои UNECE дар Тоҷикистон низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.



