Зимни нишасти хабарӣ пас аз мулоқот бо президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки маҳдудияти имконоти нақлиётию коммуникатсионӣ яке аз омилҳоест, ки монеаи рушди тиҷорати мутақобилаи миёни кишварҳо мебошад.
«Бо назардошти мавқеи ҷуғрофии кишварҳоямон табиист, ки чунин тиҷорат ташкили инфрасохтори заруриро тақозо мекунад», – гуфт президенти Тоҷикистон
Ӯ қайд кард, ки дар ин бахш ҳарду кишвар ба эҳёи Роҳи Бузурги Абрешим дар доираи лоиҳаи ТРАСЕКА, Котиботи доимии Комиссияи байниҳукуматӣ, ки дар Боку қарор дорад, манфиатдор мебошанд.
«Мо ҳамчунин ба роҳандозии хатсайри мустақими ҳавоӣ байни Тоҷикистону Озарбойҷон манфиатдорем», – иброз дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Ёдрас мекунем, ки 10-уми июли соли 2012 хатсайри мустақими ҳавоии Душанбе – Боку ифтитоҳ гардида, вале бинобар сабаби камбуди мусофирон минбаъд баста шуд. Моҳи марти соли гузашта низ ин хатсайр барқарор карда шуд, вале боз ҳам ба иллати сабаби дар боло зикршуда мутаваққиф гардид.



