Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво



Анонс




– 18


октябр



дар доираҳои чорабиниҳои таҷлили ҷашни 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе дар «Кохи Борбад» маҷлиси тантанавӣ ва консерти устодони санъати ҷумҳурӣ доир мегардад;


– 18 октябр

даври навбатии мусобиқоти Лигаи олии футболи Тоҷикистон. КМВА «Помир» – «Далерон-Ӯротеппа» (варзишгоҳи КМВА Вазорати мудофиаи ҶТ. Оғози бозӣ соати 15-00;


– 19 октябр

даври навбатии мусобиқоти Лигаи олии футболи Тоҷикистон. «Парвоз» – «Вахш» (ноҳ. Бобоҷон Ғафуров, врзишгоҳи «Фурудгоҳ»); «Хуҷанд» – «Истиқлол» (Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон»), «Равшан» – «Регар-ТадАЗ» ( Кӯлоб, варзигоҳи марказӣ), «Хайр» – «Энергетик» (ш. Ваҳдат, варзишгоҳи «Хайр»). Оғози бозиҳо соати 15-00;


– 19 октябр

дар маҷмааи «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт ба муносибати ҷашни 90-солагии пойтахт карнавали идона баргузор мешавад;


– 20 октябр

дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ «Шоми балет» доир мегарадад. Оғоз соати 18-00;


– 20 октябр

дар Душанбе маросими пӯшидашавии Синамобазми шашуми байнулмилалии «Дидор» баргузор мешавад.



Қ


урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

4.9953

сомонӣ;


1

евро –

6.3764

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.121


5



сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих




18 Октябр


1922

– Таъсиси ширкати радиошунавонии бритониёии ВВС.


1996

– Анҷоми корҳои таҷдиди хатти парвозу нишасти фурудгоҳи Душанбе.


1918-1990

– Зодрӯзи актёр ва коргардон, Ҳунарпешаи шистаи Тоҷикистон Саъдулло Каримов.


1962

– Мавлуди директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Фаттоҳ Саидов.


19 Октябр


1919

– Ифтитоҳи корхонаи абрешими Хуҷанд


1929

– Дар Душанбе бахшида ба омадани қатора нахустин филми таърихиву ҳуҷҷатӣ наворбардорӣ шуд.


1939

– Нахустин операи тоҷик – «Шӯриши Восеъ» ба саҳна гузошта шуд.


1927

– Зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон Наҷмиддин Раҳимов.


1936

– Мавлуди коргардони кино, Ходими шоистаи фарҳанги Тоҷикистон Равшан Тӯрабеков.


1938-1994

– Зодрӯзи оҳангсоз Миратулло Атоев.


1942

– Мавлуди доктори улуми физикаву математика Саидмуҳаммад Одинаев.



Вазъи обуҳаво




Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +7+12, рӯзона +21+26, дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +17+23.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +20+25, дар доманакӯҳҳо шабона -1+5, рӯзона +16+21.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.      

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +4+9, рӯзона +14+19;  дар шарқи вилоят шабона -5-10, рӯзона +6+11.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +3+8, рӯзона +21+26, дар доманакӯҳҳо шабона +4+8, рӯзона +18+23.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +24+26.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +24+27.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +5+7, рӯзона +22+25.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +17+19.

spot_imgspot_img

Популярное