Ба сафҳои ҲХДТ пайвастани 45 нафар нафақахӯрони Исфара

Чанде қабл дар дафтари кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара ба 45 нафар нафақахӯрон аз ҷамоати Хонобод, ки барои узвият ба сафҳои ҲХДТ ариза дода буданд, шаҳодатномаҳои аъзои ҲХДТ супурда шуд. Мудири шуъбаи иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара М.Шарифов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар маросими супурдани шаҳодатномаҳои узвият […]

Баҳром Файзуллоев



Чанде қабл дар дафтари кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара ба 45 нафар нафақахӯрон аз ҷамоати Хонобод, ки барои узвият ба сафҳои ҲХДТ ариза дода буданд, шаҳодатномаҳои аъзои ҲХДТ супурда шуд.

Мудири шуъбаи иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара М.Шарифов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар маросими супурдани шаҳодатномаҳои узвият ба ҳизб раиси КИ ҲХДТ дар шаҳр Муртазо Эгамов аъзои нави ҳизбро табрик гуфта, зикр крадааст, ки барои узвият ба ҲХДТ аз рӯи синнусол ҳеҷ маҳдудияте ҷой надорад.

Камолиддин Шарифов ба сафҳои ҲХДТ пайвастани худро дар суҳбат бо хабарнигори «Азия-Плюс» чунин шарҳ дод, ки сарфи назар аз синнусол, дар ҳаёти созандаи ҷомеа иштирок карда, ба рушди кишвар саҳми худро гузоштанист.

Зимнан зикр гардид, ки беш аз 100 нафар соҳибхоназанон аз ҷамоати Шаҳрак низ барои узвият ба ҲХДТ ҳуҷҷатҳои худро пешниҳод намуда, баъди барррасии аризаҳо, ба онҳо низ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супурда хоҳанд шуд.

Қобили зикр аст, ки соли равон зиёда аз 1 ҳазор нафар сокинони шаҳри Исфара ба сафҳои ҲХДТ пайваста, шумори аъзои ҳизб дар ин минтақа ба беш аз 8 ҳазор нафар расид, ки дар 145 ташкилотҳои ибтидоии ҳизб муттаҳид шудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.