Дар Хуҷанд аҳзоби сиёсӣ масоили иштирок дар интихоботи парлумониро баррасӣ мекунанд



Рӯзи 22-юми октябр намояндагони ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон лар кори мизи гирд таҳти унвони «Ҳизбҳои сиёсӣ ва интихобот ба парлумон» дар шаҳри Хуҷанд ширкат меварзанд, ки аз ҷониби Шӯрои ҷамъиятии кишвар ва Дафтари САҲА дар Тоҷикистон созмон дода мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР»-и Тоҷикистон хабар дод, барои иштирок дар кори мизи гирд ба ҷуз намояндагони аҳзоби сиёсӣ, ҳамчунин коршиносон, сиёсатшиносон ва дигар намояндагони КМИР даъват шудаанд.

«Дар кори мизи гирд атрофи масъалаҳои марбут ба иштироки ҳизбҳои сиёсӣ дар маъракаи инихоботи парлумонии ахири моҳи феврали соли оянда ва тағйироти қабулшуда ба қонунгузории интихоботии кишвар табодули назар сурат хоҳад гирифт», – иброз дошт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додоев ба иштирокчиёни мизи гирд дар бораи омодагӣ ба интихоботи парлумонӣ ва интихоби аъзои комиссияҳои интихоботии ҳавзавӣ маълумот хоҳад дод.

Ёдрас мекунем, ки то имрӯз 8 ҳизби сиёсии Тоҷикистон санаи баргузории анҷуманҳои пешазинтихоботии худро

муайян карданд.

Анҷуманҳои пеш аз интихоботро Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон – 13-уми декабр, Ҳизби коммунисти Тоҷикистон – 27-уми декабр, Ҳизби сотсиалист ва Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон – 17-уми декабр, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон – 16-уми декабр, Ҳизби аграрии Тоҷикистон – 18-уми декабр, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон – 13-уми декабр ва Ҳизби демократии Тоҷикистон – 20-уми декабр баргузор мекунанд. 

spot_imgspot_img

Популярное