Иштироки муовини директори АНМН дар вохӯрии минтақавӣ дар Қатар

Дар шаҳри Дохаи давлати Қатар вохӯрии минтақавии кишварҳои халиҷи Форс, Осиёи Марказӣ ва Аврупои Ҷанубу Шарқӣ дар мавзӯи “Пешгирии нашъамандӣ ва амният оид ба воситаҳои нашъаовар, маводи психотропӣ ва прекурсорҳо”  баргузор гардид, ки онро Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ташкил намуд. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентии назорати […]

ASIA-Plus



Дар шаҳри Дохаи давлати Қатар вохӯрии минтақавии кишварҳои халиҷи Форс, Осиёи Марказӣ ва Аврупои Ҷанубу Шарқӣ дар мавзӯи “Пешгирии нашъамандӣ ва амният оид ба воситаҳои нашъаовар, маводи психотропӣ ва прекурсорҳо”  баргузор гардид, ки онро Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ташкил намуд.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ, дар кори он созмонҳои бонуфуз, аз қабили GCC – Маркази иттилоотӣ-криминалӣ оид ба мубориза бо маводи нашъаовари кишварҳои Халиҷи Форс (Қатар, Баҳрайн, Арабистони Саудӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб, Оман, Қувайт), Маркази Минтақавии Осиёимиёнагии Ҳамоҳангсозии Иттилоотӣ (ЦАРИКЦ), REFLECS (Маркази мубориза бар зидди қочоқи маводи нашъаовар), СЕЛЕК (12 кишвари Аврупои Ҷанубу Шарқӣ), Азиана Пол (бахши Интерпол), GPS-созмон оид ба банақшагирии муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Эрон-Афғонистон-Покистон), иштирок намуданд.

Гуфта мешавад, дар вохӯрӣ масъалаҳои нақши мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои Халиҷи Форс, Аврупои Ҷанубу Шарқӣ, Осиёи Марказӣ дар мубориза ва пешгирии қочоқи маводи нашъаовар дар ин минтақаҳо, ҳамоҳанг сохтани фаъолияти ҳамаи хадамоти ин кишварҳо баррасӣ гардиданд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз ҷониби Тоҷикистон дар ин ҷаласа муовини Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ полковники х.н.м.н. Ҳ. Маҳмудзода иштирок ва баромад намуда, оиди мубориза бо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ, коркарди муштараки оперативӣ нисбати гурӯҳҳои трансмиллӣ бо кишварҳои минтақа пешниҳодот ворид намуд, ки ин пешниҳодот аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои ҳамкорикунанда қобили қабул гардид. Вохӯрии  оянда дар шаҳри Теҳрон баргузор хоҳад гардид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби ҷавонон ба артиш дар кишвар пурра иҷро шудааст. Ин мавсими даъват ба сафи Нерӯҳои мусаллаҳ аз...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.