Ба кумаки фаврӣ зимни офатҳо дар Шӯрообод дигар ба роҳу алоқа ниёзе нест

Дар ноҳияи Шӯрообод, ки бо кишвари ҳамсояи Афғонистон ҳаммарз аст, бунёди 3 маркази амалкарди фаврӣ ба офатҳои табиӣ ва кумак ба осебдидагон аз ин офатҳо ба итмом расид. Сардори ситоди минтақавии ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании минтақаи Кӯлоб полковник Рамазон Неъматов дар ин робита изҳор намуд, ки ҳангоми барфрезии зиёд, омодани сел ва дигар офатҳои […]

Турко Дикаев



Дар ноҳияи Шӯрообод, ки бо кишвари ҳамсояи Афғонистон ҳаммарз аст, бунёди 3 маркази амалкарди фаврӣ ба офатҳои табиӣ ва кумак ба осебдидагон аз ин офатҳо ба итмом расид.

Сардори ситоди минтақавии ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании минтақаи Кӯлоб полковник Рамазон Неъматов дар ин робита изҳор намуд, ки ҳангоми барфрезии зиёд, омодани сел ва дигар офатҳои табиӣ равуо ба маркази маркази ноҳия, ки дар он ҷо ҳамаи нерӯҳои наҷотдиҳанда, захираҳои ғизову маҳсулоти зарурати аввалия мутамарказанд, ғайриимкон мегардид ва барои расонидани кумак ба осебдидагон лозим меомад, ки роҳи даври гузари тӯлониро тариқи тамоми минтақа тай намуд.

Ба гуфтаи ӯ, акнун бо бунёди ин марказҳо ба кумаки фаврӣ зимни офатҳо дар Шӯрообод дигар ба роҳу алоқа ниёзе боқӣ намемонад.

«Яке аз марказҳо дар ҷамоати Сари Чашма бунёд карда шуд, ки маҳз дар ҳамин ҷо давоми моҳҳои апрел-майи соли ҷорӣ бар асари офати табиӣ 14 нафар ҷонашонро аз даст доданд», – гуфт Р.Неъматов ва илова намуд, ки бо ёрии ҳукумати ноҳия ва созмони байнулмилалии OXFAM марказҳо бо тамоми асбобу таҷҳизот ва маҳсулоти зарурии ниёзи аввалия таъмин карда шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, дар зарфи 9 моҳи соли 2014 дар минтақаи Кӯлоб 6 ҳодисаи офати табиӣ ба қайд гирифта шуда, бар асари он 14 нафар ҳалок ва маблағи зиёни моддии расида аз он 7 млн. 626 ҳазору 861 сомониро ташкил додааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ 170 млн доллар кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.